Рушди инфрасохтори сарироҳӣ омили беҳтар шудани сифати хизматрасонии сайёҳист

Март 14, 2022 09:32

ДУШАНБЕ, 14.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби  вазорату идораҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи кории мазкур таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумита Ҳабибулло Амирбекзода ҷиҳати гузаронидани таҳлили бозор ва ба қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ ҷавобгӯ намудани хизматрасониҳои инфрасохтори сарироҳӣ тибқи хатсайри Душанбе-Ваҳдат-Норак-Данғара-Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ-Фархор-Восеъ-Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин-Душанбе сафарбар гардид.

Гурӯҳи корӣ ва масъулини мақомоти маҳаллӣ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ, аз ҷумла меҳмонхонаҳои сарироҳӣ, ҳомстейҳо, гестҳаусҳо, тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, норасоии мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ дар ин соҳа, ба талабот ҷавобгӯ намудани ҳолати санитарию гигиении марказҳои хизматрасонӣ, мабразу дастшӯйгоҳҳо ва ҷойҳои тамошои сайёҳӣ, дар мавзеъҳои сайёҳии минтақа фароҳам овардани шароити хизматрасониро  баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон масъалаи бештару беҳтар тарғиб намудани имконияти сайёҳии маҳаллӣ берун аз ҷумҳурӣ, фаъол намудани хатсайрҳои сайёҳӣ, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои сайёҳӣ, тарғиби имконоти сайёҳӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар банақшагирӣ ва сохтмони шоҳроҳҳо ҳамкорӣ намуда, бунёди инфрасохтори сарироҳиро мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба нақша гирифтааст.

 

АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Март 14, 2022 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад