Рушди инфрасохтори сарироҳӣ омили беҳтар шудани сифати хизматрасонии сайёҳист
ДУШАНБЕ, 14.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби вазорату идораҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи кории мазкур таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумита Ҳабибулло Амирбекзода ҷиҳати гузаронидани таҳлили бозор ва ба қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ ҷавобгӯ намудани хизматрасониҳои инфрасохтори сарироҳӣ тибқи хатсайри Душанбе-Ваҳдат-Норак-Данғара-Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ-Фархор-Восеъ-Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин-Душанбе сафарбар гардид.
Гурӯҳи корӣ ва масъулини мақомоти маҳаллӣ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ, аз ҷумла меҳмонхонаҳои сарироҳӣ, ҳомстейҳо, гестҳаусҳо, тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, норасоии мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ дар ин соҳа, ба талабот ҷавобгӯ намудани ҳолати санитарию гигиении марказҳои хизматрасонӣ, мабразу дастшӯйгоҳҳо ва ҷойҳои тамошои сайёҳӣ, дар мавзеъҳои сайёҳии минтақа фароҳам овардани шароити хизматрасониро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон масъалаи бештару беҳтар тарғиб намудани имконияти сайёҳии маҳаллӣ берун аз ҷумҳурӣ, фаъол намудани хатсайрҳои сайёҳӣ, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои сайёҳӣ, тарғиби имконоти сайёҳӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар банақшагирӣ ва сохтмони шоҳроҳҳо ҳамкорӣ намуда, бунёди инфрасохтори сарироҳиро мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба нақша гирифтааст.
АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ










«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






