Сафири Ҳиндустон дар Душанбе Вираҷ Синх: «Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ҷаҳонро дидем»

Март 29, 2022 10:50

ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мо имрӯз дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ҷаҳонро дидем. Чунин ибрози назар намуд бо забони тоҷикӣ Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Синх зимни баргузории фестивали «Нақши забон дар тарғиб ва шинохти Наврӯз» дар Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишкада.

Дар фестивали мазкур, ки 28 март баргузор гардид, ректори Донишкада Жило Гулназарзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода, Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донг Сок, Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Синх ва котиби аввали Сафорати Русия дар Тоҷикистон Игор Бурулко ширкат намуда, сухан гуфтанд.

Жило Гулназарзода изҳор дошт, ки «мо ифтихор аз он менамоем, ки имрӯз ҷашни куҳанбунёди тоҷикон — Наврӯз расман мақоми ҷаҳонӣ пайдо карда, барои устувору қавитар гаштани дӯстиву ваҳдати халқҳои олам, тақвияти ҳусни тафоҳум миёни онҳо ва беҳдошти робитаҳои фарҳангии миллату қавмҳо нақши шоиставу барҷаста мегузорад».

Ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯз дар партави моҳвораи Фестивали забонҳо бо иштироки меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар Донишкада маҳфилу конфронсҳо, мусобиқоти гуногун ва озмуни «Мақолаи беҳтарин дар ситоиши Наврӯз» ташкил шуданд.

Меҳмонон аз гӯшаҳои махсуси факултаҳо, ки дар он расму суннатҳои наврӯзии сарзамини маҳбубамон, либосҳои миллии мардумӣ, дастархон бо хӯрокҳои наврӯзӣ, дастовардҳои миллӣ, ороиши ҳунарҳои мардумии миллати тоҷику дигар миллатҳо ба намоиш гузошта шуда буд, боздид намуда, аз фарҳанги баланди мардуми тоҷик ва бо чандин забони хориҷӣ сухан гуфтану шеърҳо қироат намудани донишҷӯёни ин боргоҳи сухан ба ваҷд омаданд.

Қисмати фарҳангии фестивал бо омадани Маликаи Наврӯзу Бобои деҳқон ва табрикоти донишҷӯён бо забонҳои тадрисшаванда (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, арабӣ) оғоз гардида, баъдан аз ҷониби як гурӯҳ донишҷӯён оинҳои наврӯзӣ (хонарӯбӣ, гӯштингирӣ, панҷакбозӣ, гулдӯзӣ) ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар идома сурудҳо бо забони тоҷикию дигар забонҳои хориҷӣ ва рақсҳои ҷаззоби гулдухтарон пешниҳоди ҳозирин гардонида шуданд.

АКСҲО: ДДЗТ

Март 29, 2022 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд