Сафири Тоҷикистон бо роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳо ва ширкатҳои бахши иқтисодии Олмон мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 26.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов 23 март бо як қатор роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳо ва ширкатҳои бахши иқтисодии ин кишвар мулоқотҳо анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Берлин хабар медиҳад.
Дар мулоқот бо намояндаи Иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ (AHK) Овсеп Восканян ва Сардори шуъбаи Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Марказии Палатаҳои саноат ва савдои Олмон Катарина Виттке роҳандозии ҳамкории ҳасана миёни Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ, ҳамчунин чорабиниҳои муштараки пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд таъкид намуд, ки фаъолияти Иттиҳодияи палатаҳои саноат ва савдои Олмон (DIHK) ҳамаи иқтисод ва тиҷорати Олмонро фаро гирифта, аъзои сершумори онро 79 палатаҳои саноат ва савдо (IHK) аз ширкатҳо дар бахшҳои саноат, савдо, хизматрасонӣ ва корпоратсияҳо ташкил медиҳанд.
Намояндаи Иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ ба ширкатҳо ва соҳибкорони олмонӣ дар бораи имкониятҳои бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мутаносибан ба ширкату созмонҳои маҳаллӣ оид ба бозори Олмон маълумот ва машварат медиҳад.
23 март мулоқоти Имомудин Сатторов бо мудири федеролии Иттиҳодияи федеролии рушди иқтисод ва савдои берунии Олмон Урс Ункауф баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо атрофи густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо BWA ва чорабиниҳои муштараки банақшагирифташуда табодули афкор намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Иттиҳодияи федеролии рушди иқтисод ва савдои берунии Олмон (BWA) соли 2003 бо қароргоҳ дар Берлин таъсис ёфта, 17 сол инҷониб тасмим ва лоиҳаҳои ширкатҳои аъзои худро (ҳудуди 1000) дар бисёр кишварҳо ба таври мақсаднок ва самаранок дастгирӣ мекунад.
Аъзои BWA асосан ширкатҳои бахшҳои мухталиф маҳсуб меёбанд, ки онҳо ояндаи рушди тиҷорати худро дар асоси ҳамкории муваффақ бо истинод ба арзишҳо пеш мебаранд.
Бо мақсади вусъати бештари муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон мулоқоти Сафири Тоҷикистон Имомудин Сатторов бо Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс доир гардид.
Тарафҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ҳамчун Иттиҳодияи олмонии иқтисоди хориҷӣ ба пешбурди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст.
АКСҲО: Сафорати ҶТ дар ҶФО








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






