Сафири Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо шабакаи байналмилалии телевизионии Миср «Nile TV international» мусоҳиба орост
ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ дар шабакаи байналмилалии телевизионии «Миср Nile TV international» бо директори ин шабакаи телевизионӣ хонум Тағрид Ҳусейн, ки ҳамзамон муовини вазири иттилооти кишвар аст, мусоҳибаи телевизионӣ орост. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср хабар медиҳад.
Зимни мусоҳиба доир ба ҷараён ва натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср (9-11 марти 2022), ки мавриди таваҷҷуҳи хоси доираҳои сиёсию коршиносӣ ва ҳам воситаҳои ахбори оммаи Миср ва дигар кишварҳои минтақа қарор гирифт, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба таърих ва робитаҳои гузаштаю имрӯзаи ду мардуми бостонию тамаддунсоз ва ду кишвари дӯсту бародар, дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба зоҳир гардид.
Тавре зикр гардид, имкону захираҳои истифоданашуда барои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории барои ҳарду ҷониб судовар дар соҳаҳои гуногун фаровон вуҷуд доранд ва таъкид гардид, ки воситаҳои ахбори оммаи ҳарду кишвар низ барои тарғибу ташвиқи робитаҳои самарабахш бояд саҳм гузоранд.
АКС: скриншот аз навор








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






