Шариф Назарзода: Ҷавонони саодатманди Бадахшон дорои сармояи бузурги зеҳниянд
ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 март дар толори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мулоқоту суҳбати озоди сардори Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шариф Назарзода бо устодону донишҷӯёни ин боргоҳи таълимӣ баргузор гардид, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати мазкур.
Шариф Назарзода иброз дошт, ки бо талошу заҳматҳои пайгирона ва сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст. Вобаста ба ин ҷиҳати баланд бардорштани савияи донишу маърифатнокии ҷавонон ва соҳибкасбу ботахассус гаштани онҳо якчанд барномаву стратегияҳои мушаххас дар самти дастгирии ҷавонон қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки метавонанд баҳри дастгирии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оваранд. Ин ҳама шароити мусоид ва дастгириву роҳнамоиҳои Сарвари давлат аз ҳар ҷавони бедордилу соҳибмаърифат тақозо менамоянд, ки беш аз пеш вақти пурқимати худро бо иҷрои корҳои созандагиву бунёдӣ сипарӣ намуда, бо донишу маърифати баланд дар бунёди ҷомеаи ободу пешрафта ва солим саҳм гузоранд.
Дар идомаи мулоқот Шариф Назарзода доир ба таҳкиму ҳамкории мақомоти милитсияи вилоят бо аҳолии минтақа сухан гуфта, ҳамчунин доир ба вазъи имрӯза ва равандҳои хатарзои ҷаҳони муосир, роҳҳои пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани ашхоси ҷинояткор ва таъмини адолати иҷтимоӣ, доғдор накардани ояндаи ҷавонон, раванди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», аз байн бурдани маҳалгароӣ ва роҳҳои пешгириву решакан намудани дигар кирдорҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ бо овардани далелҳои мушаххас ҳарф зад.
Мавсуф зикр намуд, ки ҷавонони саодатманди Бадахшон дорои сармояи бузурги зеҳниянд
Дар мулоқот зикр гардид, ки барои ба насли ояндаи миллат боқӣ гузоштани мулки ободу зебо ва тинҷу ором ҳар нафар бояд бо дарки баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ саъй намояд. Зеро маҳз насли бо илму дониш ва заковатманд дар устуворгардонии пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва ободу зебогардонии ватан метавонад саҳм гузорад.
Баргузории чунин мулоқоту суҳбатҳои озоду ошкоро бо овардани далелу рақамҳои мушаххас эҳсоси ватандориву меҳанпарастии ҷавононро бедор намуда, ба ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву маънавии ҷавонон мусоидат хоҳанд кард.
Дар мулоқот инчунин як зумра донишҷӯёни фаъол, ки бо интизоми намунавӣ ва иштироки фаъолона дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузоранд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
АКСҲО: Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ВМКБ








Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид






