Ширкатҳои «Мунзал» ва «Навранга» вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ду ширкати нави сайёҳӣ- Мунзал» ва «Навранга» вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардида, ҳамзамон муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии ширкати сайёҳии «Вип тревел энд тур» тамдид ва ба ширкатҳои сайёҳии «Зерафшан маҷестик трэвел», «Тансавиа Экспресс», «Чилмеҳроб», «Роҳат Тур», «Сафеддара» ва ба «Асcотсиатсияи тараққиёти сайёҳии Зарафшон» аз нав иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни тақдими иҷозатномаҳои фаъолияти сайёҳӣ ба ширкатҳои навтаъсис раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳои сайёҳиро ба масъалаҳои татбиқи босамари имтиёзҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат роҳандозӣ гардиданд, ҷалб намуд.
Ҳамзамон Тоҷиддин Ҷӯразода доир ба таҳким бахшидан ба рушди сайёҳии дохилӣ, гуногунсозии таркиби сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои бойи сайёҳии мамлакат, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, зиёд таҳия ва нашр намудани маводи нави иттилоотии тарғиботӣ ва муаррифии онҳо тавассути шабакаҳои имконпазири иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ҷавобгў ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ ибрози назар намуда, ба роҳбарону намояндагони ширкатҳои сайёҳии навтаъсис тавсияву дастурҳои мушаххас дод.
Роҳбарони ширкатҳои сайёҳии навтаъсис аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос карда, омодагии худро ба рақобати солим тавассути омодасозии барномаҳои ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ барои ҷалби бештари сайёҳон изҳор доштанд.
Мавриди зикр аст, ки дар заминаи имтиёзҳои дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш ёфта, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд гардид. Ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан устувор гаштани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат таъсири мусбат расонида истодаанд.
АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






