Сироҷиддин Муҳриддин дар Исломобод бо Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Покистон мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 22.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар шаҳри Исломобод дар ҳошияи нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи барои ҳар ду ҷониб судманд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа табодули афкор намуданд.
Дирӯз ҳамчунин Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ оид ба ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ба вежа Созмони ҳамкории исломӣ табодули назар сурат гирифт.
Ҷонибҳо инчунин раванди амалисозии мувофиқаҳое, ки дар рафти сафарҳои сатҳи олӣ дар соли 2021 ба даст омада буданд, муҳокима намуданд.
АКСҲО: ВКХ ҶТ








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд






