Сироҷиддин Муҳриддин ва Насрин ал-Ҳошимӣ омодагиро ба Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба об дар Душанбе баррасӣ намуданд

Март 20, 2022 10:26

ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Академияи султонии илм ва эътимоди байналмилалӣ (RASIT) Насрин ал-Ҳошимӣ 18 март дар шакли видеоконференсия баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ Сироҷиддин  Муҳриддин роҷеъ ба омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” (Душанбе, 6-9 июни 2022) маълумот ироа карда, аҳаммияти онро ҳамчун чорабинии ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба бознигарии фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи Об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) таъкид намуд.


Дар навбати худ, Насрин ал-Ҳошимӣ дар хусуси ташаббусҳои Академияи мазкур дар соҳаи об, аз ҷумла барномаи байналмилалӣ зери унвони “Cansu Global”, ки ҳадаф аз он рушди босуръат ва корбурди илм, фанноварӣ ва навоварӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об маҳсуб меёбад, ибрози назар кард.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар бобати масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор карда, омодагии хешро ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи мудирияти захираҳои об изҳор намуданд.

 

АКСҲО: ВКХ Тоҷикистон

Март 20, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд