Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Муассисаи нашриявии «Ирфон»
ДУШАНБЕ, 21.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» низ чун дар ҳама ташкилоту муассисаҳои мамлакат ҷашни куҳану ҳамешаҷавони Нарӯзи бо пазироии руҳияи замони нав созгоркарда ва мавриди эътирофи ҷаҳониён қарорёфта, таҷлил гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар муассисаи мазкур хабар доданд, кормандони муассиса ҷамъомади фарҳангиро тибқи расму оини наврӯзӣ омода карданд. Директори муассиса Қурбон Ғуломзода ҳайати кормандонро ба ин ҷашни фархунда табрику шодбош гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки маҳз бо заҳмату талошҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 12 феврали соли 2010 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қатънома доир ба Ҷашни байналмиллалӣ гардидани Наврӯз қабул ва ба созмони таърихию фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд ва имсол дувоздаҳум баҳор аст, ки ҷашни Наврӯз дар тамоми ҷаҳон бо шукуҳу шаҳоматаш таҷлил мегардад.
Зимни суханронӣ дигар кормандони муассиса низ аз Наврӯз ба унвони қадимтарин ва хубтарин ҷашни миллӣ ёд карда, гуфтанд, ки он дар замони Истиқлол шукуҳу шаҳомати худро дарёфт ва дар фарҳанги миллии мо ҷашни Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд мебошад ва ин ҷашни умумӣ барои миллати тоҷик мероси таърихӣ ба шумор меравад.
Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромиву таърихӣ саҳми фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад.
Ҳамчунин ҳозирин аз Наврӯз чун пайки оғози кишту кори баҳорӣ, шукуфоиву зебоӣ, шодиву сурур, пошидани донаи умед ба хоки Ватан ва мазраи дилҳо, эҳёи тамоми табиат ёдовар шуданд ва бо навову савтҳои дилнишину фараҳфизои наврӯзӣ суруданду рақсиданду хурсандӣ намуданд.
АКСҲО: Муассисаи нашриявии «Ирфон»










Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






