«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Дар Душанбе даври ноҳиявии озмун ҷараён дорад

Март 30, 2022 14:17

ДУШАНБЕ, 30.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ҷараён дорад. Озмуни мазкур тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» соли 2022 миёни  хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт  баргузор карда мешавад.

Тавре сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, тибқи Низомномаи озмун иштирокчиёни он аз фанҳои математика, физика корҳои хаттӣ ва аз фанҳои химия, биология, география ва технологияи иттилоотӣ супоришҳои тестӣ супорида, корҳои мустақилонаи тадқиқотӣ ва ихтирооти худро дар назди аъзои ҳакамон муаррифӣ менамоянд.

Ба зикри мавсуф, озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд баргузор мегардад.

«Озмун аз се давр иборат буда, аз моҳи январ то моҳи апрел ба таври зайл гузаронида мешавад: даври якум – моҳҳои январ — феврал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ; даври дуюм – моҳи март дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум; даври ниҳоии он  ҳафтаи якуми моҳи апрел бо иштироки ғолибони даври дуюм. Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун дар Рӯзи пойтахт сурат мегирад», — иброз дошт Асомиддин Бобозода.

Ба иттилои сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, озмун аз рӯйи номинаҳои зерин гузаронида мешавад: Барномасозӣ, Меъморӣ, Моделсозӣ, Радиоэлектроника, Робототехника, Сайёҳӣ, Кишваршиносӣ ва Табиатшиносӣ.


Тазаккур дода шуд, ки дар ҳар давр вобаста ба ҳар номина то 3 ғолиб (ҷои якум – 1 нафар, ҷойи дуюм – 1 нафар, ҷойи сеюм – 1 нафар) муайян карда мешаванд. Ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври шаҳрии озмун аз рӯйи ҳар як номина дар алоҳидагӣ, ҷоиза, диплом ва мукофотпулӣ дода мешавад.

Ба зикри мавсуф,  омӯзгорони ғолибони озмунҳо дар сурати мавҷуд будани шартнома миёни роҳбари муассисаи таълимӣ дар бораи омода намудани довталаб мукофотпулӣ мегиранд. Инчунин волидайни ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун бо Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳавасманд карда мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе/ Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Март 30, 2022 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон 37 хатмкунанда соҳиби аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ гардид
«МАКТАБИ ПЕШСАФ — МАКТАБИ ШАРИК». Дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон таҳти чунин унвон низоми нав амалӣ карда мешавад
Осори Робиаи Балхӣ ба 10 забони хориҷӣ тарҷума карда шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии муҳандисӣ-кайҳонӣ сазовори ҷойи дуюм шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Барои рушди ин соҳа дар Бадахшон зиёда аз 422 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф давоми 25 соли охир 224 баробар зиёд гардид
Дар Сеул оид ба сиёсати рушди сармояи инсонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ форуми байналмилалӣ доир гардид
Байни Вазорати маориф ва илм ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид