«ТОҶИ СОМОН». Бори аввал дар Тоҷикистон ба филмофарон Синамоҷоизаи миллӣ тақдим мегардад

Март 28, 2022 11:41

ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз маросими ҷоизасупории Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ баргузор мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм».

Барои ба даст овардани ин ҷоизаи миллӣ тӯли як моҳ ҳайати доварон ба беҳтарин филмҳои нави ватанӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмофарони дохилӣ рӯйи навор омадаанд, баҳо гузоштанд.

Ҳадаф аз баргузории озмун- тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкории синамогарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдод мебошад.

Синамоҷоизаи миллӣ аз озмуни филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ иборат мебошад.

Муассисони синамоҷоиза Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мебошанд.

Маросими ҷоизасупории Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо дарназардошти барномаи фарҳангӣ ва иштироки васеи филмсозон 1 апрел, соати 18:00, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

 

АКС: МД «Тоҷикфилм»

Март 28, 2022 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд