Тоҷикистон ҳамкориро бо Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат тавсеа мебахшад
ДУШАНБЕ, 04.03.2022/АМИТ «Ховар»/. Масъалаи густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) дар Найробӣ дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Директори генералии Иттиҳоди байналхалкии ҳифзи табиат доктор Бруно Оберле қарор гирифт.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар ҳошияи иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист дар пойтахти Кения- шаҳри Найробӣ доир гардид.
Баҳодур Шерализода ба намояндагони ИБҲТ доир ба самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон маълумот дода, гуфт, ки зарфи 5 соли охир дар кишвар беш аз 9 миллион дарахт шинонида шуда, минтақаҳои табиии махсус ҳифзшаванда аз 2,8 фоизи ҳудуди умумии кишвар дар соли 1991 ба 22 дарсади ҳудуди кишвар то соли 2020 васеъ карда шуданд.
Инчунин зикр гардид, ки дар кишвар барои ҳифз ва зиёд намудани саршумори ҳайвоноти ба Китоби сурхи Тоҷикистон шомилшуда корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.
Мусоҳибон ба масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории судманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, самтҳои асосии фаъолият дар соҳаи ҳифзи табиат, намудҳои нодири ҳайвоноту наботот ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ бо фондҳои ҷаҳониро матраҳ намуданд.
Доктор Оберле зикр намуд, ки ИБҲТ ният дорад фаъолияти худро дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва нашри муштараки маводи илмии коршиносони ИБҲТ ва мутахассисони тоҷик густариш диҳад.
Баҳодур Шерализода аз доктор Оберле даъват намуд, ки дар доираи чорабиниҳои минтақавии ба нақша гирифташуда дар соли 2022 аз Душанбе боздид намояд.
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ — IUCN) созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ буда, мушкилоти ҳифзи гуногунии биологии сайёраро инъикос мекунад, хабарҳо, конгрессҳои дар кишварҳои гуногун баргузоршуда, рӯйхати намудҳоеро, ки ба ҳифзи махсус ниёз доранд, пешкаш менамояд. Ин созмон дар Маҷмаи Умумии СММ мақоми нозир дорад.
Иттиҳодия дар татбиқи якчанд конвенцияҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи табиат ва гуногунии биологӣ нақши калон мебозад. Ҳамзамон дар таъсиси Хазинаи ҷаҳонии табиат ва Маркази ҷаҳонии мониторинги ҳифзи табиат иштирок намудааст.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд






