«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Ё чаро яке аз намоишгоҳҳои бонуфузи мамлакат маҳз чунин унвон гирифт? Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии захираҳои об

Март 22, 2022 13:00

ДУШАНБЕ, 22.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 13 октябри соли 2021 Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж ифтитоҳ ёфт, ки дар он  қариб 300 ёдгорӣ аз даврони атиқаи халқи тоҷик то замони муосир дастрас шуда, тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо пешниҳод карда шуданд. Суоли матраҳеро, ки хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита ба Рӯзи байналмилалии захираҳои об, ки ҳамасола 22 март таҷлил мегардад, пайгирӣ намуд,  ин аст, ки сабаби чунин унвон- “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” гирифтани ин намоишгоҳи бузург   чист?

Мавҷудияти тилло дар таркиби дарёҳои мамлакат…

“Яке аз омилҳои асосии гузоштани унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ба намоишгоҳи бузурги мамлакат ин аст, ки дарёҳои имрӯзаи ҳудуди Тоҷикистон аз ҷиҳати серобӣ бой буда, дар таркиби онҳо тилло ба таври васеъ мушоҳида карда мешавад ”,  — изҳор дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев.

Ба андешаи Ф. Кенҷаев, осори аз водии Зарафшон, яъне Саразм ёфтшуда аз он гувоҳӣ медиҳад,  ки  ҳанӯз дар ҳазораи 4 ва 3 – и то мелод ниёгони мо- мардуми тоҷик  тиллоро ба таври васеъ истифода мебурдаанд.

“Осоре, ки аз қисми ҷануби Тоҷикистон, яъне “Тахти сангин”  бозёфт шудааст, ин “Хазинаи Амударё” ва  ороишоти аз тилло омодагардида мебошад, ки ин ҳама далели равшани ба таври васеъ корбурд шудани тиллои дарёҳои минтақа аз ҷониби ниёгони мо мебошад”, —  мегӯяд ӯ.

Омили асосии истифодаи васеи тилло дар қисми шимолу ҷануби мамлакат маҳз мавҷудияти дарёҳо дар ин манотиқи Тоҷикистон мебошад.

“Маҳз ба ҳамин хотир ба яке аз намоишгоҳҳои бузург унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” лоиқ дониста шуд”, — зикр кард  Ф. Кенҷаев.

Арзиши дарёҳои Тоҷикистон аз тилло низ болотар аст…

Ба андешаи коршиноси масоили экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Асоев, дарёҳои Тоҷикистон ҳамчун манбаи оби нӯшокӣ на танҳо дар мамлакат, балки дар минтақа низ хизмат мерасонанд. “Аз ин рӯ, бо ифтихор метавон гуфт, ки “Тоҷикистон кишвари дарёҳои тиллоӣ аст”, чун арзиши об  аз тилло низ болотар аст ”, — изҳор дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” Ҳ. Асоев.

Имрӯз вақти он расидааст, ки ба масъалаи мазкур аз нуқтаи назари илмӣ нигоҳ кунем, зеро  тибқи тадқиқоти илмӣ, 5-7% — и Тоҷикистон мавзеъҳои истироҳатӣ маҳсуб мешаванд. “Хусусияти табобатии чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон ҳамчун маркази таҷдиди саломатӣ метавонад омили рушди  сайёҳӣ гардад”, — гуфт   Ҳ. Асоев.

Ба  андешаи коршинос, Ҳукумати мамлакат чунин омилҳоро ба назар  гирифта, баҳри ташаккул додани маърифати экологии аҳолӣ ва ҷалби сайёҳон ба мамлакати мо  ба яке аз намоишгоҳҳои бонуфуз унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” гузоштааст.

Дарёҳои Тоҷикистон муттаҳидкунандаи фарҳанганд

Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев дар идомаи суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” афзуд, ки обу дарёҳое, ки дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон мавҷуданд, дар тӯли таърих барои аҳолии минтақа ва ҷаҳон  хидмати бузург кардаанд.

“Мавҷудияти дарёҳои ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон имкон додааст, ки фарҳангҳои гуногун ба мамлакати мо омада, омезиш ёбанд”, — изҳор дошт Ф. Кенҷаев. Ба иттилои ӯ, яке аз мавзеъҳои омезиши Ғарб ва Шарқ- ин  ҳудуди имрӯзаи бозёфти ёдгорӣ бо номи “Тахти сангин” дар ҳудуди  ноҳияи Қубодиён мебошад.


Аз ҳудуди Ҳиндустон то ба ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон омадани фарҳанги Буддоия низ далели равшани он аст, ки дар ин минтақа об арзи ҳастӣ дошт”,- гуфт Ф. Кенҷаев.

Ба андешаи номбурда, яке аз дарёҳои бузурги Тоҷикистон бо номи дарёи Панҷ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз Ҷумҳурии Афғонистон ҷудо месозад ва осори марбут ба фарҳанги Буддоия ҳам аз қисми ҷануби Тоҷикистон ва ҳам шимоли Афғонистон бозёфт шудаанд.

Яке аз воситаҳои ба минтақа овардани дини Буддоия низ мавҷудияти дарёҳои бузург дар ин маконҳо мебошад.

 

Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Март 22, 2022 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

1744 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳхат гирифтанд
«ШОҲНОМА – ШОҲАСАРИ МОНДАГОР ВА ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲОИ ОРИЁӢ». Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён ва Бобоҷон Ғафуров доир мегардад
Роҳбарияти Осорхонаи миллӣ дар Форуми якуми байналмилалии осорхонаҳои Авруосиё иштирок намуд
Раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард
22 июн даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз меёбад
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Китоби нав таҳти унвони «Зиёӣ» ба табъ расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид