Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои 4-уми директорони киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад

Март 31, 2022 08:45

ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои 4-уми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кинематография миёни намояндагон ва роҳбарони киностудияҳо баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм».

Дар кори он масъалаҳои ҳамкорӣ, табодули таҷриба дар филмофарии муосир мавриди баррасӣ қарор гирифта, фаъолият ва неруи эҷодию техникии киностудияҳо муаррифӣ ва барои офаридани филмҳои муштарак дар оянда ҳамкорӣ тавсеа дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 24 сентябри соли 2019 дар заминаи Студияи миллии «Беларусфилм» нахустин ҷаласаи Шӯрои мудирони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон баргузор шуд. Дар кори Шӯро иштирокчиён дар бобати инкишофи киностудияхои давлатӣ мубодилаи таҷриба карда, роҳҳои ҳалли мушкилоти умумӣ ва ҳамкориро дар татбиқи лоиҳаҳои якҷоя баррасӣ намуданд.


Хотиррасон мешавем, ки аз 21 то 24 декабри соли 2021 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи сеюми Шӯрои мудирони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон баргузор гардид, ки дар он директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён сухан гуфт.

Ҳадафи асосии Шӯро муттаҳид кардани талошҳо, инчунин таҳия ва ҷорӣ намудани механизмҳои нави густариши ҳамкорӣ мебошад.

АКС: МД «Тоҷикфилм»

Март 31, 2022 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд