Тоҷикистон ва ИМА аҳаммияти фаъолияти қолаби С5+1–ро таъкид намуданд

Март 23, 2022 13:01

ДУШАНБЕ, 23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Узра Зея 22 март дар шаҳри Исломобод баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА-ро дар самтҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд. Зимнан аҳаммияти фаъолияти сиғаи С5+1 ва тавсеаи ҳамкориҳои тарафайн дар доираи ин платформа таъкид гардид.

Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин барои иштирок дар нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки қолаби C5 + 1 формати мусоиди мулоқот ва платформа барои кӯшишҳои муштарак баҳри ҳалли масъалаҳое, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои Осиёи Марказӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд, мебошад. Дар вохӯрии аввалини вазирҳо дар формати С5 + 1, ки моҳи ноябри соли 2015 дар Самарқанд баргузор гардид, вазирони шаш давлат ба мувофиқа омаданд, ки таваҷҷуҳи хоссаро ба се бахши асосии дорои аҳамияти умумӣ равона намоянд: амният, иқтисодиёт ва масъалаҳои муҳити зист (экологӣ).

Дар вохӯрии дуюми вазирон дар формати С5+1, ки моҳи августи соли 2016 дар Вошингтон баргузор гардид, вазирони шаш давлат ба мувофиқа омаданд, ки панҷ лоиҳаро дар се соҳаи асосӣ роҳандозӣ намоянд. Аз лаҳзаи таъсиси формати C5 + 1 давлатҳои Осиёи Марказӣ дар усулҳои минтақавии баррасии масъалаҳо бештар манфиатдор гардидаанд ва формати мазкурро ҳамчун катализатор барои амалҳои муштарак дида мебароянд.

АКС: ВКХ ҶТ

Март 23, 2022 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид