Тоҷикистон ва ИМА ҳамкориро дар самти муқовимат ба қочоқи маводи нашъаовар тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 03.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 1 март директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Директори минтақавии маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Майкл Новокоски, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовар хабар медиҳад.
Зимни мулоқот директори Агентӣ барои ҳамкории дуҷониба дар самти муқовимат ба гурӯҳҳои муташаккили маводи нашъаовари фаромиллӣ ва расонидани кумакҳои моддиву молиявӣ ба роҳбарияти Маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи ИМА изҳори сипос намуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо бо назардошти тағйир ёфтани вазъи сиёсӣ дар Афғонистон, фаъол гардидани гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ дар минтақа ва афзоиш ёфтани қочоқи маводи нашъаовар ба Тоҷикистон омодагии худро барои тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба иброз намуданд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ








Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад






