Тоҷикистон ва СММ ҳамкориро дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар густариш медиҳанд

Март 18, 2022 11:01

ДУШАНБЕ, 18.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафар ба шаҳри  Вена директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ғода Волӣ мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Директори Агентӣ оид ба корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдори Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба Ғода Волӣ маълумот манзур намуд.

Ҳабибулло Воҳидзода аз натиҷаи чорабинии канорӣ оид ба муаррифии маҷаллаи «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021» маълумот дода, нусхаи маҷаллаи мазкурро ба Фатҳа Волӣ  ва ҳайати иштирокчиён пешниҳод кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо якчанд масъалаи мубрам, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи ҳамкориро бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар доираи татбиқи барномаҳои ин Раёсат барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025 мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон бо назардошти таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон бармеомада, аз ҷумла қочоқи рӯзафзуни маводи нашъаовар, силоҳ, кирдорҳои террористию экстремистӣ, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ директори Агентӣ аз Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷиҳати таҳкими сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути расонидани кумакҳои моддӣ-техникӣ ба мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ даъват ба амал овард.

Дар фарҷоми мулоқот Ғода Волӣ иброз намуд, ки аз ҷониби Давлати Ҷопон ва Ҷумҳурии Италия ба давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ҳамкории фаромарзӣ маблағ ҷудо шудааст, ки  он ба Тоҷикистон низ равона мегардад.

Ёдовар мешавем, ки директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода барои иштирок дар Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар, ки то 18 март идома меёбад, дар шаҳри Венаи Австрия қарор дорад.

Дар ҳошияи иҷлосия Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбарони ҳайатҳои ИМА Тод Робинсон, Арабистони Саудӣ Муҳаммад Алҳакабанӣ ва Покистон Гулам Шабир мулоқот анҷом дода, дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистонро бо ин кишварҳо дар самти назорати маводи нашъаовар баррасӣ кард.

Директори Агентӣ инчунин дар Вена тариқи маҷозӣ «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021»-ро муаррифӣ карда, дар чорабинии канории Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҳти унвони  «Пурзӯр намудани ҳамкории зиддимухаддиротӣ дар доираи СҲШ, мусоидат намудан ба  назорати фаромиллии маводи нашъовар» иштирок намуд.

 

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Март 18, 2022 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид