Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар бахши осорхонаҳо тақвият мебахшанд

Март 5, 2022 09:50

ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 март директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода бо директори Осорхонаи давлатии таърихи Узбекистон Ҷаннат Исмоилова баҳри рушди ҳамкории осорхонавӣ шартнома ба имзо расониданд. Дар ин бора сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Шартномаи мазкур дар доираи вохӯрии Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳи сайёри «Мероси муштараки Роҳи Абрешим», ки рӯзҳои 3 ва 4 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир шуд, ба имзо расид.

Иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи давлатии таърихи Узбекистон дар тобеи худ 4 осорхона дорад.

Ба имзо расонидани шартномаҳо бо осорхонаҳои Узбекистон ба рушди ҳамкории осорхонаҳои ду мамлакат, аз ҷумла дар самти ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, тармиму таҳким, омӯзиш ва муаррифии осори таърихӣ мусоидат намуда, барои боз ҳам амиқтар омӯхтани таъриху фарҳангҳои ҳамдигар замина фароҳам меоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар Узбекистон зиёда аз 300 осорхона фаъолият намуда, 20 адади онҳо дар шаҳри Тошканд ҷойгир мебошанд.

 

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 5, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд