Вакилони Маҷлиси намояндагон Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Осиё Кемикал»-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар ҷаласа вакилон масъалаҳо «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал» оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва ба истифода додани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ва «Дар хусуси ислоҳот ба протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, ки 15 октябри соли 2016 дар шаҳри Кигалии Ҷумҳурии Руанда қабул шудаанд» мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Осиё Кемикал» оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва ба истифода додани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» 8 феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.
Тазаккур дода шуд, ки масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва тақвияти истеҳсолоти нуриҳои минералӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба шумор рафта, дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дарҷ шудааст. Дар ин ҷода барқарорсозӣ, таҷдид ва ба истифода додани ҶСК «Азот» аз тарафи ҶДММ «Осиё Кемикал» метавонад дар татбиқи ҳадафҳои стратегии ҳуҷҷатҳои болозикр саҳм гузорад.
Ба кор даровардани корхонаи азим муҳим арзёбӣ гардида, дар оянда он талаботи кишварро ба нуриҳои минералӣ, аз ҷумла карбамид (барои хоҷагии халқ), аммиак (барои истеҳсолоти худӣ), дуоксиди карбон (барои саноати сабук/хӯрокворӣ ва эҳтиёҷоти технологии корхона), оксигени газӣ (барои тиб ва кафшери газӣ), нитрогени моеъ (барои хоҷагиҳои чорвопарварӣ) дар ҳаҷми муайян таъмин менамояд. Дар баробари ин, иқдоми пешакардаи Ҷамъият дар самти истеҳсоли маҳсулоти ватании рақобатпазир ва воридотивазкунанда, инчунин таъминкунандаи бозори дохилии кишвар бо нуриҳои минералӣ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар тавассути истеҳсоли маҳсулот, таъсиси ҷойҳои корӣ, пардохтҳои андозҳо ва дигар омилҳо замина мегузорад. Бинобари ин, дар ҳолати пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудани ҶСК «Азот» корхона метавонад муттасил талаботи кишварро ба намудҳои гуногуни нуриҳои минералӣ то 50 фоиз таъмин намояд, ки ин метавонад ба коҳиш ёфтани воридоти ин намуди маҳсулот таъсир расонад.
Созишномаи мазкур ба моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
Дар иҷлосия ҳамчунин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдуқаҳҳор Мирзозода» ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Маҳмурод Маҳмадализода» баррасӣ гардида, қарори дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода, вакилони мардумӣ Рустам Латифзода ва Рустам Раҳматзода муаррифӣ намуданд.
АКСҲО: МН МО ҶТ













Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд
Доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонии Олмон—Осиёи Марказӣ мулоқот баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи маҷозии Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ доир шуд
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии СААД дар шаҳри Москва иштирок намуд
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
Файзалӣ Идизода дар музокироти умумии Ассамблеяи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истанбул иштирок намуд






