Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи 93-юми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он роҳбари ҳайат- Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва мудири бахши ИДМ-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Шарифӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, молия, мошинсозии кимиёвӣ, амнияти иттилоотӣ ва кишоварзӣ муҳокима гардиданд.
Завқӣ Завқизода оид ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои таъмини устувории макроиқтисодӣ новобаста ба таъсири манфии хавфҳои берунӣ ва сатҳи баланди ҳамкории кишвар дар фазои ИДМ иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои иштирокчии ИДМ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Дар робита ба ин айни ҳол беш аз нисфи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба давлатҳои иштирокчии ИДМ рост меояд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ лоиҳаи Созишнома оид ба савдои озоди хизматрасониҳои ИДМ-ро бо назардошти рӯйхати истисноӣ қобили таваҷҷуҳ мешуморад.
Илова бар ин дар ҷаласа вобаста ба истифодаи пулҳои миллии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар ҳисоббаробаркуниҳои тиҷоратию иқтисодӣ қарори дахлдор қабул гардид.
Ҳамзамон дар доираи чорабинии мазкур Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои иштирокчии ИДМ «Рӯзномаи «сабз» дар кишварҳои ИДМ: ҳамкорӣ барои рушд» баргузор гардид.
Дар охир аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда, як қисми онҳоро барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки 20 майи соли 2022 баргузор мегардад, пешниҳод намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






