ЗАН-МОДАР — ОЛИҲАИ ПОКӢ. Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар васфи Зан-Модар суханони зиёде гуфта шудаву то ҳанӯз васфаш мекунанду дар ояда низ хоҳанд кард, зеро ин олиҳаи покӣ офарандаи ҳаёт ва ҳазорон бузургон ҳаст. Ҳоло занони тоҷик дар ҳама соҳаҳо фаъоланду саҳм мегузоранд, яъне зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад. Ин нукта дирӯз зимни ҳамоиши идона дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон зикр шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ “Ховар”.
Раиси ФИКМТ Маликшо Неъматзода зимни ҳамоиш ҳамаи бонувон, модарон ва собиқадорони ин ниҳодро табрик намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар Паёмҳои ҳарсолаи хеш дастуру супоришҳо медиҳанд, ки ин аз эҳтироми таърихии миллати тоҷик ба модарон сарчашма мегирад.

«Маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, занон дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеӣ гузошта истодаанд”,- иброз дошт Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода.
Дар охири ҳамоиш тамоми бонувону занон аз ҷониби роҳбарияти Федератсия бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
АКСҲО: ФИКМТ








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






