ЗАНИ АНГУРПАРВАР. Дар шаҳри Турсунзода 51 хоҷагии деҳқониро бонувон роҳбарӣ менамоянд
ТУРСУНЗОДА, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд, ки «Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад».
Ин суханҳои неки Сарвари давлатро модари ҳафт фарзанд Одинахон Оразалиева сармашқи зиндагии хеш қарор дода, дар баробари мардон касби аз ҳама пурбаракату бомашаққат- ангурпарварию кишоварзиро интихоб намудааст. Модар аз ҳисоби меҳнати ҳалолу обилаҳои кафи даст 6 духтару як писарро соҳиби касб ва дар рӯҳияи ватандӯстию мардонагӣ тарбия карда, бо дуои неки модарона ба рӯзгори мустақилона гусел намудааст.
Дар арафаи Рӯзи Модар тасмим гирифтем, ки дар бораи ин зани қавиирода, меҳнаткаш, деҳқони асил ва сарвари хоҷагӣ- Одинахон Оразалиева, ки бо вуҷуди зани танҳо будан ҳафт фарзандро тарбия намуда, ризқу рӯзиашро бо меҳнати ҳалол аз замин пайдо намудааст, ба хонандагони сомона маълумот пешкаш намоем.
Одинахон Оразалиева 1 июли соли 1963 дар деҳаи Ҷурақул Шукурови Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна бо Муҳаммаддовуд Оразалиев оиладор шуда, зиндагии хурсандона доштааст. Ӯ мегӯяд, ки нозукиҳои касби ангурпарварию кишоварзиро аз шавҳари вафодораш омӯхтааст. Шавҳараш, ки кишоварзи асил буд, бо дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар масоҳати қариб 10 гектар хоҷагии деҳқонии «Усмон» ташкил намуд. Мутаассифона, умр ба ӯ вафо накарду пас аз фавташ 12 нафар саҳмдорони хоҷагӣ завҷаи меҳрубонаш Одинахонро раиси хоҷагии деҳқонии «Усмон» таъйин намуданд.
Одинахон Оразалиева гуфт, ки «ҳарчанд роҳбари хоҷагӣ будан барои зан мушкил ҳам бошад, вале мардонавор бо кумаки саҳмдорону хешутабор ва фарзандони азизам ба фаъолият пардохтам. Хурсандии мо, кишоварзон- ин ҳосили фаровон ба даст овардану таъмин намудани бозори истеъмолии мардум бо сабзавоту ангур мебошад, ки дар ин роҳ мо муваффақем. Дар 7 гектар замини хоҷагӣ ангури навъҳои ҳусайнии сиёҳу сафед ва шоҳона парвариш мекунем, ки аз ҳар гектари он соли 2021 аз 15 то 18 тонна ангур истеҳсол намудем. Ҳамчунин дар қисми дигари заминҳои хоҷагӣ қулфинай ва пас аз кишти гандум ба сабзавоткорӣ машғул мешавем. Пас аз гирифтани ҳосили гандум бештар карам, гулкарам, бодирингу помидор кишт менамоем. Ҳамчунин дар 5 сотих замин гармхона бунёд намудаем, ки дар фасли зимистон низ соҳибкорон маҳсулоти истеҳсолкардаи моро ба бозорҳои ҷумҳурӣ мебаранд».
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд: «Ман ва дигар занони соҳибкору кишоварз аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорем, ки барои мо беҳтарин шароити зиндагию соҳибкориро муҳайё намудаанд. Мо бояд ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тинҷию амонӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллиро фароҳам овардаанд, бирасем ва барои рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакат содиқонаю холисона хизмат намоем. Имрӯз мо шукргузор аз онем, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи моро соҳибкорони тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз сари замин харида мебаранд».
Ба гуфти ин зани кишоварз, имрӯзҳо барои деҳқонони шаҳри Турсунзода беҳтарин шароити фаъолият муҳайё гардидааст, ки деҳқон метавонад маҳсулоташро аз сари замин яклухт мефурӯшад ва ё барои хариди маҳсулоти истеҳсолкардааш миёни соҳибкорон рақобат мешавад.
Муовини раиси Ҷамоати Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода Ҷамила Бойматова изҳор дошт, ки дар ҳудуди ҷамоати мазкур 376 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 51 хоҷагии деҳқониро бонувон роҳбарӣ менамоянд. Ин 51 нафар зани роҳбар дар баробари мардон дар рушди соҳаи кишоварзии ҷамоат ва истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзию ангур барои таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ саҳми арзанда доранд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Доир ба имконоти рушди устувор ва сайёҳии экологии Резервати биосферии «Ромит» конфронси илмӣ баргузор гардид
Иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» натиҷагирӣ гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 836 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст
Воридоти панелҳои офтобӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад
Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд
Ҷаласаи муштараки кумитаи ҳамоҳангсози Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз ва Шурои машваратии андозсупорандагон баргузор шуд
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон иҷрои низоми иттилоотии АСИКУДА баррасӣ гардид
Дар Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаҳои саноат, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва занбӯриасалпарварӣ доир шуд
Соли 2026 Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад
Лоиҳаи «Барномаи маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ гардид
БЕМАСЪУЛИЯТӢ ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Корманди зеристгоҳи барқӣ қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода менамояд
Иҷрои Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ баррасӣ гардид






