10 ЗИНА БОЛОТАР! Тоҷикистон мавқеи худро дар раддабандии ҷаҳонии амнияти озуқаворӣ беҳтар сохт

Апрель 25, 2022 11:32

ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Даҳумин намояи (индекси) глобалии амнияти озуқавориӣ- The Global Food Security Index нашр шуд, ки тибқи он Тоҷикистон мавқеашро соли 2021 нисбат ба соли 2019 даҳ зина беҳтар кардааст. Кишвари мо дар ин раддабандӣ 51,6 имтиёз ба даст оварда, миёни 113 кишвари ҷаҳон дар ҷои 83-юм қарор гирифт. Тоҷикистон соли 2019 дар мавқеи 93-юм ва соли 2020 дар  зинаи  85-ум қарор дошт. Имтиёзи бадастоварда ба Тоҷикистон имкон дод, ки мавқеи худро дар гурӯҳи кишварҳои дорои сатҳи мӯътадили (муносиби) амнияти озуқаворӣ нигоҳ дорад.

Тавре дар пажӯҳиш зикр шудааст, агар соли 2020 дар Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ ҳамагӣ 5 кг гӯшт истеҳсол шуда бошад, пас то охири соли 2021 ин рақам ба 19 кг расидааст.   Инчунин истеҳсоли шир низ боло рафта, аз 51 литр ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2020  то ба 114 литр дар соли 2021 афзоиш ёфтааст.

Индекси глобалии амнияти озуқаворӣ (The Global Food Security Index) пажӯҳиши ҷаҳонӣ ва раддабандии кишварҳои ҷаҳон аз ҷиҳати амнияти озуқаворӣ буда, аз ҷониби ширкати таҳқиқотии британиягии The Economist Intelligence Unit (шуъбаи таҳлилии маҷаллаи бритониёии Economist) бо дастгирии ширкати амрикоии Dupon нашр шудааст.

Тадқиқот аз соли 2012 гузаронида шуда, айни замон маҷмӯи пурраи нишондиҳандаҳои вазъи амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳонро доро мебошад.

Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин тадқиқот таърифи амнияти озуқаворӣ, ки дар Саммити ҷаҳонии озуқа дар соли 1996 (The 1996 World Food Summit) қабул шудааст, истифода бурда мешавад: «Амнияти озуқаворӣ- ин ҳолатест, ки тамоми мардуми ин ё он кишвар дар ҳар лаҳзаи вақт барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти худ ва пешбурди ҳаёти фаъолу солим ба ғизои кофӣ ва фоидаовар дастрасии ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ доранд».

Дар аввали раддабандӣ кишварҳое қарор доранд, ки дар онҳо барои мардум ғизо бештар дастрас аст. Дар баробари ин, сатҳи рушд на ҳамеша ба мавҷудияти озуқа алоқаманд аст: зеро  кишварҳое ҳастанд, ки ҳама чиз ба ҷуз маводи ғизоӣ дар онҳо гарон аст. Дар айни ҳол, якчанд кишварҳои пешрафтае ҳастанд, ки дар онҳо даромади мардум хеле баланд  ошад ҳам дар айни замон нархи маводи ғизоӣ баландтар аст, аз ин рӯ, дастрасии маводи ғизоӣ метавонад нисбат ба кишварҳои камбизоат поинтар бошад.

Илова бар ин, мафҳуми амнияти озуқаворӣ на танҳо нархҳоро нисбат ба даромад, балки мавҷудияти миқдори зарурии маҳсулот дар бозор, гуногунрангии навъҳои мол ва эҳтимоли холӣ шудани бозор  бар асари буҳронҳоро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», Кодекси санитарии ҳайвоноти заминӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018 Барномаи давлатии амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 тасдиқ карда шуд, ки тибқи он бунёди озмоишгоҳҳои сайёри амнияти озуқаворӣ, таҷдиди инфрасохтори амнияти озуқаворӣ, постҳои назоратӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таъсиси пойгоҳи электронии содирот ва воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ, баланд бардоштани тахассуси касбии мутахассисони соҳа, харидани таҷҳизоти муосир барои марказҳои ташхис ва ғайра дар назар аст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар семоҳаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 3880,4 тонна сабзавот ва 16,6 тонна мева истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабзавот 1,2 фоиз ва мевагӣ 6,4% зиёд мебошад.

Саршумори чорвои калони шохдор қариб ба 2,5 миллион cap расид, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 95 ҳазор cap (ё 4,0 фоиз) зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 36 ҳазору 727 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 3,5 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли шир дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 190 ҳазору 582 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 44,1 фоиз бештар аст. Ҳаҷми истеҳсоли тухм дар моҳҳои январ-марти соли 2021 275,9 миллион донаро (ё 20 фоиз зиёд) ташкил дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар             

Апрель 25, 2022 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд
«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд