АҲАМИЯТИ ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ДАРОМАД АЗ ИНТЕРНЕТ. Дар Тоҷикистон дар ин раванд чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?

Апрель 15, 2022 08:31

ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 марти соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ масъулинро барои рушд додани тиҷорати электронӣ вазифадор намуда, дастур доданд, ки   чораҳои самараноки гузариши муназзам аз низоми анъанавӣ ба низоми рақамиро бо дарназардошти масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла роҳандозии ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои электронӣ дар амалиёти тиҷоратӣ, истифодаи васеи кортҳои бонкӣ ва мобилӣ, коҳиш додани ҳаҷми тиҷорат бо пули нақд, ҷорӣ намудани расидҳои электронӣ ва дигар ҷанбаҳои рушди соҳа амалӣ намоянд. Дар баробари ин бояд амнияти иттилоотӣ ва бехатарии киберӣ дар ҳама соҳаҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ таъмин карда шавад.

Шарҳи хабарнигори АМИТ “Ховар” дар ин  мавзуъ.

Имрӯз дар шабакаи интернет, ки тамоми соҳаҳоро фаро мегирад, тиҷорату савдо низ ба таври васеъ роҳандозӣ шудаанд. Тиҷорати электронӣ технологияи ягона набуда, дар интернет гуногуншакл мебошад. Тиҷорати электронӣ миқдори хеле зиёди амалиёти соҳибкориро муттаҳид менамояд.  Ҳоло фаъолияти тиҷоратӣ дар интернет ба ҳама дастрас мебошад. Асоси тиҷорати электрониро сохтори иттилоотӣ ва технологияи телекоммуникатсионӣ ташкил менамояд. Бо пайдоиши технологияҳои нав ва барномаҳои махсус хариди молҳо тариқи шабакаҳои интернетӣ, яъне онлайн на танҳо осон, балки аз нигоҳи иқтисодӣ низ самаранок мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Президенти мамлакат ҳанӯз аз аввали солҳои 2000-ум ба аҳамияти ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо имзои худ аз 5 ноябри соли 2003 Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои  рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»-бо ба тасвиб расониданд, ки банди 3.7-и санади муҳим маҳз «Тиҷорати электронӣ» ном дорад.

Тиҷорати электронӣ чист?

«Тиҷорати электронӣ ҳалли масъалаиҳимояи ҳуқуқии харидуфурӯшҳое, ки бо ёрии воситаҳои электронӣ баста мешаванд, созмон додани механизми самараноки ҳуқуқии истифода аз воситаҳои электронии гардиши ҳуҷҷатҳо ва имзои элнетронию рақамиро тақозо менамояд», — омадааст дар Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷиткистон».

Як хусусияти асосии тиҷорати электронӣ- ин сарфа намудани вақт аст. Коршиносон мегӯянд, ки дар 20 соли охир гардиши савдои электронӣ ба 3,5 триллион доллар баробар гардида, тибқи таҳлилҳо, то соли 2040 бозори тиҷорати электронӣ 95 фоизи тамоми савдои ҷаҳонро ташкил хоҳад кард. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти тиҷорати электронӣ яке аз кишварҳои рушдкарда маҳсуб шуда, аз се як ҳиссаи тиҷорати электронии ҷаҳон ба ин кишвар рост меояд.

Дар Тоҷикистон иқтисоди рақамӣ рушд меёбад

Корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Далер Маҳмудов зимни суҳбат бо мо изҳор дошт, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди рақамӣ корҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд. Пеш аз ҳама, ҷиҳати рушди тиҷорати электронӣ мукаммал намудани қонунгузории танзими тиҷорати электронӣ ва заминаи инфрасохтории соҳа барои рушди тиҷорати электронӣ дар ҷумҳурӣ муҳим мебошад.

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои электронӣ ва низоми пардохт», Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо мақсади фароҳам овардани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар самти тиҷорати электронӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд.

“Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади содагардонии савдои фаромарзӣ бидуни ҳуҷҷати тасдиқкунанда (бекоғаз) ва роҳандозӣ намудани тиҷорати рақамӣ, фаъол намудани татбиқи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо, васеъ истифода бурдани низоми равзанаи ягона ва риояи стандартҳои мавҷудаи байналмилалӣ дар доираи Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи байналмилалии савдо (UNCITRAL), Маркази СММ оид ба содагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ (UN/CEFACT) лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи қолабӣ оид ба содагардонии расмиёти савдои беқоғази наздисарҳадӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором»-ро таҳия намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021маъқул дониста шуданд”,- гуфт Далер Маҳмудов.

Ҳадаф- рақамикунонии иқтисоди миллӣ 

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, ҳадаф аз таҳия ва қабули санадҳои зикршуда- ин рақамикунонии иқтисоди миллӣ бо роҳи рушди савдои электронӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, тавсеаи сатҳи хизматрасонӣ, кам намудани сатҳи хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар, аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, кам намудани муомилоти пули нақд ва ба ин васила нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар солҳои минбаъда ба ҳисоб меравад.

Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами навбатӣ дар самти ислоҳоти содагардонии расмиёти савдои хориҷӣ ба ҳисоб рафта, ба иқтисодиёти миллӣ таъсири мусбат расонида, барои сарфаи вақт ва кам гардидани хароҷоти пулии субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, аз байн бурдани монеаҳо дар савдо, зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, рушди содирот ва зиёд гардидани даромади иловагӣ ба буҷети давлат мусоидат менамояд.

Ба андешаи корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Далер Маҳмудов, “дар нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо мақсади рушд додани тиҷорати рақамӣ, гузариш ба тиҷорати бекоғаз ва хариди электронӣ чорабиниҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва ҷалби коршиносони соҳавӣ лоиҳаи «Барномаи тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намудааст, ки дар баррасӣ буда, дар сурати қабул ва амалишавии он дар роҳи рушди тиҷорати электронӣ гоми бузурге гузошта хоҳад шуд”.

Аз тиҷорати электронӣ мебояд андоз супурд

Бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ хариду фурӯши молҳо ва пешниҳоди кору хизматрасониҳо, инчунин тарғибу ташвиқи молҳо тавассути шабакаи интернетӣ аз ҷониби шаҳрвандон васеъ ба роҳ монда шуда истодааст. Яъне интернет имрӯз ба манбаи бузурги даромад мубаддал гардидааст. Шахсоне, ки аз ин роҳ даромад ба даст меоранд, тибқи қонунгузорӣ уҳдадоранд аз даромади худ андоз супоранд.


Корманди Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирҷон Исоев мегӯяд, ки “новобаста аз чораҷуҳио ва корҳои фаҳмондади миёни шаҳрвандон ва андозсупорандагон мутаасифона ҳастанд қисман шахсоне, ки бо истифода аз шабакаи интернетӣ фаъолияти соҳибкориро амалӣ намуда истодаанд, бидуни бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ тавасути шабакаи Интернет ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин шахсони воқеӣ тибқи талаботи моддаи 34 Кодекси андоз уҳдадор мебошанд, ки худро ба сифати соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба қайд гирифта, оид ба ҳаҷми муомилот ва даромадҳои тавассути шабакаи Интернет ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ гирифтаашон ба мақомоти андоз эъломия ва ҳисоботи зарурӣ пешниҳод намуда, пардохти андозҳоро ба буҷет таъмин намоянд. Инчунин субъектҳои соҳибкорие, ки дар соҳаи тиҷорати электронӣ фаъолият мекунанд, ҳангоми истифодаи меҳнати кироя уҳдадор мебошанд, ки зимни ба коргари кирояи худ пардохт намудани музди меҳнат андозҳоро дар манбаи пардохт нигоҳ дошта, пардохти онро ба буҷети давлатӣ таъмин намоянд”.

Ба иттиллои Собирҷон Исоев, ба ҳолати 01.04.2022 дар мақомоти ҳудудии андоз 725 адад субъектҳои дар соҳаи тиҷорати электронӣ фаъолияткунанда ба қайди давлатӣ гирифта шуда, маблағҳои ҳисобшудаи субъектҳои мазкур давоми се моҳи аввали сол 3,8 млн. сомониро ташкил дод, ки  зиёда аз 3,7 млн сомонии он ба буҷет пардохт карда шуд.

Тибқи маълумоти масъулини Кумитаи андози мамлакат,  ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ 32 адад субъектҳои соҳибкорие, ки тавассути сомонаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд, ба қайди давлатӣ гирифта шуда, давоми се моҳи охир аз ҷониби субъектони мазкур 112,4 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо ба буҷет ҳисоб ва пардохт карда шудааст.

Дар баробари андозбандии субъектҳои соҳибкорие, ки ба тиҷорати электронию дигар хизматрасониҳо тавассути интернет дар дохили кишвар машғуланд, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ низ андозбандӣ карда шудаанд.

2 000 000 сомони андоз аз 21 ширкати хориҷӣ

Тавре корманди Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирҷон Исоев мегӯяд, айни замон 21 ширкати бонуфузи хориҷӣ дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд, ки дар як соли охир ба буҷети ҷумҳурӣ бештар аз 2 миллион сомонӣ маблағ андоз супоридаанд.

“Аз ҷумла ширкатҳое, ки андози бештар месупоранд, ширкати google Comerce Limited ва зерширкатҳои онанд, ки ба он YouTobe  низ дохил аст, ва онҳо бештар аз 800 ҳазор сомонӣ, ширкати Meta Platforms Ireland Limited, ки дар тобеияти онҳо саҳифаҳои фейсбук, инстаграм, ватсап ва ғайра ҷойгиранд, бештар аз 690 ҳазор сомонӣ, Apple 462 ҳазор, Netflix 43 ҳазор, Amazon қариб 19 ҳазор, Microsoft 18 ҳазор сомонӣ ва дигар ширкатҳо низ маблағ пардохт кардаанд. Ҷиҳати бақайдгирию ба андозбандӣ ҷалб намудани дигар ширкатҳои хориҷие, ки ба хизматрасонии электронӣ машғул мебошанд, чораҷӯиҳо идома доранд”, гуфт ҳамсуҳбати мо.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

 

P.S. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми апрел Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро таҳти унвони «Имкониятҳои рушди технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ҷаҳони муосир» баргузор менамояд.

Ба Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шудаанд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

· Нақши технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷаҳони муосир;

· Роҳҳои самараноки татбиқ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникастионӣ (ТИК) дар раванди таълим;

· Рушди ТИК ва иттилоотикунонии ҷомеаи муосир;

· Рушди технологияҳои интернетӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат;

· Муаммоҳои асосии татбиқи ТИК дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ;

· Иқтисодиёти рақамӣ ва нақши он дар баланд бардоштани иқтисоди миллӣ;

· ТИК воситаи асосии таъмини тиҷорати электронӣ;

· Хизматрасонии электронӣ дар раванди иқтисоди рақамӣ.

Апрель 15, 2022 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид