Ба «Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр» то соли 2025 иҷозатнома дода шуд

Апрель 17, 2022 08:59

ДУШАНБЕ, 17.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр» барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан то соли 2025 иҷозатнома дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин тасмим дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома дар бораи хусусияти иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки иҷозатномаҳои ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр», ки бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2020 ва аз 22 сентябри соли 2020 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шуда буданд, аз эътибор соқит дониста шуданд.

Дар иртибот ба ин идораи назорати суғуртавӣ барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 17, 2022 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»