БМТ ба «Тамвил» барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «Атласпэй» ба муддати 5 сол иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 10.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Тамвил» барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «Атласпэй» бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Тасмими мазкур бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома дар бораи хусусияти иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият гирифта шудааст.
Мутобиқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ «Тамвил» барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ аз 3 апрели соли 2019 аз эътибор соқит дониста мешавад.
Дар иртибот ба ин идораи низоми пардохт вазифадор аст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






