Бо сокинони ноҳияи Панҷ оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин суҳбат доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 11 апрел сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ба ноҳияи Панҷ сурат гирифт, ки зимни он дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсуф бо шароити зиндагии мардум ва вазъи инкишофи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия шинос гардид.
Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳҳои корӣ ба тамоми ҷамоату деҳоти ноҳия сафарбар карда шуданд.
З. Завқизода ба ҳамаи ҷамоату деҳоти ноҳия сафар намуда, бо шароити зиндагии мардум, ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ, ҳолати муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус раванди корҳои созандагӣ дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг шинос шуд.
Зимни мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳия вобаста ба иҷрои супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, корҳои ободонию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, истифодаи самараноку оқилонаи замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, кишти картошка, сабзавот, ғалладонагиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ва дар ҳар оила захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду сол, корҳои ниҳолшинонӣ ва ташкили ярмаркаҳои фурӯши ниҳол сухан гуфта шуд.
Ба роҳбарият ва кормандони корхонаю муассисаҳо дар самти беҳтар кардани вазъи экологӣ, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар бозорҳо ва нуқтаҳои муайян ва таъмин намудани аҳолӣ бо маводи озуқа, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим дар муассисаҳои соҳаи маориф, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, ашёву лавозимоти хониш ва либоси мактабӣ, дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар самти таъминот бо катҳо, доруворӣ, таҷҳизот, табибон ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рушди муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва фаъолияти онҳо дар деҳот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад






