«Бори дигар дар бораи зиракии сиёсӣ. Ё мавқеъгирии дуруст кадом аст?»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Апрель 1, 2022 14:07

ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи  расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият»  дар саҳифаи аввали шумораи  №60 (24 419), чоршанбе, 30 марти соли равон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ» маводи таҳлилӣ нашр намудааст, ки дар он доир ба тамоми самтҳои фаъолияти мамлакат ва дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ маълумот дода шудааст.

Муаллифон котиби матбуоти Президенти Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода ва муовини роҳбари хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон Самариддини Айниддин чунин нигоштаанд: «Бо хиради азалии мардуми тоҷик ва сиёсати боровари роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони мамлакат соли 2021  30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври шоиста ва бо дастовардҳои беназир ҷашн гирифтанд.

Мавриди зикри хос аст, ки халқи ватандӯсти тоҷик барои истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани ин ҷашни муқаддаси миллӣ бе харҷи маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби даромадҳои худ беш аз 25 ҳазор иншооти гуногуни таъйиноти истеҳсоливу иҷтимоиро бунёд карданд. Дар ифтитоҳи аксари ин иншоот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Соли 2021 ба шарофати сиёсати неку бобарори Ҳукумати мамлакат, бо талошҳои созандаи мардум, новобаста аз вазъи мураккаби пандемияи COVID-19 ва таъсири дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар рушди босуботи он нигоҳ дошта шуд. Ба ҳолати 1 январи соли 2022 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 98,9 млрд сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 9,2 фоизро ташкил намуд. Соли 2021 ба қисми даромади умумии буҷети давлатӣ 29,5 млрд сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,3 млрд сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷет 13 млрд 722 млн сомонӣ интиқол ёфт, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 101,0 млн сомонӣ зиёд мебошад».

Дар ин шумораи нашрия хонанда имкон дорад доир ба сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Алмаато, Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ ва дигар хабару гузоришҳо  маълумот пайдо намояд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум»  рӯзи сешанбе, 29 март №40  (4460) гузориш аз сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Алмаато,  Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мавод таҳти  унвони «Об ва хун. Бо кадом асос онҳо шабеҳанд?», «Ҳазор сол бизӣ», «Иҷрои дастрҳои Паём барои пешравӣ замина мегузоранд», «Бори дигар дар бораи зиракии сиёсӣ. Ё мавқеъгирии дуруст кадом аст?», «Дучарха арзону безарар, вале аз мадди назар дур»- ро ба нашр расонидааст.

Дар маводи «Бори дигар дар бораи зиракии сиёсӣ. Ё мавқеъгирии дуруст кадом аст?» рӯзноманигор чунин нигоштааст: «Мо дар ҷаҳони пурҳаводис қарор дорем. Марҳилае, ки пайомади он ба сатҳу сифати зиракии сиёсӣ ва дарки вазъи ҷаҳони муосир аз ҷониби ҳар тоҷику тоҷикистонӣ вобаста аст. Дар чунин ҳолат омилҳои зикршуда нақши ҳалкунанда дошта, мадди назар буданашон имкон фароҳам меорад, ки шаҳрвандон бозичаи дасти ашхос, гурӯҳ ва давлатҳои манфиатҷӯ нагарданд.

Оид ба аҳамияти ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ зиёд гуфтаву навиштаанд. Тасмими навиштани ин матлаб ба воқеияти охири ҷаҳони  муосир, ки шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо, дар шакли нав зуҳур намудани гурӯҳҳои ифротгаро ва зуҳуроти дигари номатлуб аз ҷузъҳои он мебошанд, рабт дорад…»

        «Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №13-14 (20347), 30 марти соли равон ҷараёни пурраи сафари Президенти мамлакатро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз ба вилояти Хатлон,  сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҷараёни фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии дохил ва хориҷи мамлакат нашр кардааст.

Инчунин «Народная газета»   таҳти унвони «Давайте не будем ронять достоинство науки», «Всегда опирался на людей», «Цифровизация налоговых органов Республики Таджикистан», «Наврӯз-праздник природы» матолиб ба нашр расонидааст.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №12 (1358), чоршанбе, 30 марти соли 2022 дар баробари нашри хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ, инчунин Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз, сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон, инчунин мавод зери унвони «Нақши амнияти идеологӣ дар низоми сиёсии ҷомеа», «Нахустмуассисаи олии тиббии ғайридавлатии Тоҷикистон», «Доварӣ бояд воқеъбинона бошад» ва дигар маводи ҷолибро нашр намудааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2022 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид