Дар барномаи «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» масъалаи истифодаи самараноки замин ва мушкилоти хоҷагидорон баррасӣ мешавад

Апрель 29, 2022 08:13

ДУШАНБЕ, 29.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзӣ соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз ба пешрафти он  вобастагӣ дорад. Буҳронҳои иқтисодие, ки чанд соли охир ҷомеаи ҷаҳонро хеле ба танг овардаанд, масъалаи дастрасӣ ба маводи озуқавориро рӯз аз рӯз душвортар месозанд. Роҳи ягонаи раҳоӣ аз он- истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, гирифтани ду-се ҳосил ва захираи маводи хӯрокворӣ арзёбӣ мешавад, ки масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат қарор дорад.

Коршиносон мегӯянд, ки барои самаранок истифода бурдани замину гирифтани ду-се ҳосил тарзи дурусти истифода ва ҷобаҷогузории зироат хеле муҳим аст.

Маҳз талошу заҳмати марди деҳқон аст, ки новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳони муосир бозорҳои мамлакат фаровону арзиши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал нисбат ба чанд соли охир арзону дастрас мебошад.

Оё имрӯз заминҳои қобили кишт то куҷо самараноку мақсаднок истифода мешаванд? Коршиносон мегӯянд, ки вобаста ба болоравии арзиши рекордии нуриҳои минералӣ ва сӯзишворӣ ҳосили имсола кам хоҳад буд. Мутахассисони соҳа бар ин назаранд, ки ба ҷойи нуриҳои минералӣ деҳқонони мо бояд аз поруҳои маҳалӣ ё худ роҳи алтернативии нуриҳо истифода кунанд.

Шарҳи пурраи ин мавзӯъро  барномаи таҳлилии «Набзи иқтисод» дар пешниҳоди коршиносону мутахассисон пайгирӣ намудааст, ки  29 апрел, соати 08-30 ва такроран 17:30, 21:30 дар таҳияи муаллиф ва муҳаррири барнома Абдураҳими Абдуқаҳҳор аз Радиои «Ховар» пахш  мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 29, 2022 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад