Дар Боку намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари қуллаҳои осмонбус ва дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ ёфт

Апрель 22, 2022 15:39

ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Боку дар «Хонаи аксҳои Боку» ба муносибати 30-умин солгарди барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон 20 апрел намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари қуллаҳои осмонбӯс ва дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид, ки то 25 апрел идома меёбад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ вакилони Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони ҳайати дипломатии муқими Боку, доираҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории Озарбойҷон ва расонаҳои хабарии кишвари иқомат ҳузур доштанд.

Дар маросими мазкур директори Маркази осорхонаи «Ичеришеҳер» Амина Меликова, Роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон Айдин Мирзазаде ва аксбардори машҳури ҷаҳон Реза Дегатӣ ба сифати меҳмонони фахрӣ изҳори назар карданд.


Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ зикр кард, ки баргузории ин намоишгоҳ дар муаррифии имкониятҳо ва зебоиҳои Тоҷикистон ва таҳкими равобити Тоҷикистону Озарбойҷон ва мардумони минтақа муҳим мебошад. Номбурда инчунин ба иштирокдорон доир ба фарҳанги пурғановат, санъату ҳунари волои мардуми тоҷик, рушду иқтисодии кишвар ва минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

АКС аз ВКХ ҶТ

Апрель 22, 2022 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид