Дар ҶДММ «Спитамен» хати нави истеҳсолӣ фаъол карда мешавад
ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен» васлу насби хати нави истеҳсолӣ ҷараён дошта, бо ба охир расидани корҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд ва маҳсулот ба кишварҳои Қазоқистону Узбекистон содирот карда мешавад. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур гуфта шуд, хабар дод корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар».
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен» аз калонтарин корхонаҳои саноатии ноҳияи Деваштич аст, ки бо тамғаи «Оҳаки Ғончӣ» маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол мекунад. Муассисони корхона бо назардошти Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 тасмим гирифтанд, ки фаъолиятро тақвият бахшида, хати навро фаъол созанд.
Корхона аз соли 2011 инҷониб фаъолият дошта, соли 2020 ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ ва соли 2021 ба маблағи 4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ дар ҳоли афзоиш буда, агар соли 2020 чор ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол гардида бошад, ин рақам соли 2021 ба панҷ ҳазор тонна расидааст.


Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен» бо истифода аз дастгириҳои давлатӣ фаъолияти хуб дошта, истеҳсолот ба таври автоматӣ идора карда шуда, сифати маҳсулот дар озмоишгоҳи корхона санҷида мешавад. Барои нигаҳдории маҳсулот анбор мавҷуд буда, бо назардошти бо ангиштсанг фаъолият намудани корхона миқдори зарурии ангиштсанг захира карда шудааст.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода масъулини ҶДММ «Спитамен» -ро вазифадор намуд, ки дар баробари беҳтар намудани шароити корӣ ва мақсаднок истифода намудани боигариҳои табиӣ ба масъалаи баланд бардоштани музди меҳнати кормандон минбаъд таваҷҷуҳ равона созанд.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






