Дар Душанбе масоили имконияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Корея баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ва раиси Ассотсиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рён зимни мулоқот оид ба имконияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ суҳбат намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд, дар вохӯрӣ инчунин намояндагони ширкатҳои воридотӣ ва содиротии маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Корея иштирок намуда, масъалаҳои дарёфти бозорҳои содиротӣ, баланд бардоштани малакаи соҳибкорон, мусоидат ҷиҳати рушди содироти маҳсулоти кишоварзиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон дар мулоқот ҷониби ҳайати Корея ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ дар самти имконоти содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро иброз намуда, пешниҳод карданд, ки омодаи бастани созишномаҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонанд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин имконияти содироти маҳсулоти ватанӣ, инчунин самтҳои асосии фаъолияти Агентии содирот, аз ҷумла мусоидат ба рушди босуботи миқдор ва сифати содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи мамлакат, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва ҷалби харидорони хориҷӣ муаррифӣ шуд.
АКСҲО: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






