Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон машварати минтақавӣ доир гардид

Апрель 11, 2022 15:04

ДУШАНБЕ,11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба қонунгузории меҳнат, муколамаи иҷтимоӣ, ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва таҷрибаи фаъолияти ФИКМТ ба тариқи маҷозӣ машварати минтақавӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад

Дар баробари намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) коршиносони Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ), Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон (ФИКУ), Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Қазоқистон (ФИКҚ) низ дар он иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳии машварат сардори шуъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бюрои фаъолияти коргарони СБМ-АКТРАВ Сергейус Гловатскас, муовини якуми раиси ФИКМТ Исмоил Файзизода, муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон Бахтиёр Маҳмадалиев ва муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Гулнора Ҷумагелдиева сухан гуфтанд.

Дар ҷараёни нишаст мудири шуъбаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, равобити ҷомеа ва равобити байналмилалии ФММТ Ҷамшед Юнусов дар  мавзӯи “Муколамаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқии ҷалби корфармоён ба шарикии иҷтимоӣ”, мудири шуъбаи ҳуқуқи ФНПТ Иброҳим Саидзода дар мавзӯи «Қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳуқуқу манфиатҳои кормандон», сардори шуъбаи ҳифзи меҳнати ММФТ Акобир Қурбонов дар мавзӯи дар мавзӯи «Ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнат, ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъолияти нозирони ҳифзи меҳнат дар ташкилоту корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият»; коршиноси СБМ Дорин Суручяну «Таҷрибаи Молдова дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва меҳнатии муҳоҷирон» ва дигарон маърӯза карданд.

 АКС: ФИКМТ

Апрель 11, 2022 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид