Дар Миср бахшида ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид

Апрель 18, 2022 16:21

 ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср доир ба омодагӣ ва муҳтавои Конфронси байналмилалии об, ки моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо ҷалби коршиносони маҳаллӣ ва иштироки доираи васеи хабарнигорон 16 апрел нишасти матбуотӣ доир намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар нишасти матбуотӣ, ки зери унвони «Тоҷикистон-давлати пешоҳанги олам дар масоили об, иқлим ва иқтисоди сабз» ҷараён гирифт, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира Заробиддин Қосимӣ, Муовини вазири захираҳои об ва обёрии Миср Раҷаб Абдулазим ва пажуҳишгари сиёсии мисрӣ Башир Абдулфаттоҳ доир ба ташаббусҳои байналмилалии  Тоҷикистон дар соҳаи об, муҳтаво ва аҳамияти конфронси Душанбе, инчунин ҳамкории судбахши Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи об ва тағйирёбии иқлим маълумоти муфассал доданд.


Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 12 апрели соли 2022 дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июни соли 2022 зери унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар шаҳри Душанбе барпо мешавад, таҳти роҳбарии раиси Кумитаи тадорукот, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд.

Дар ҷараёни нишаст муовини раиси кумитаи тадорукот, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин оид ба омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» маълумот пешниҳод кард.

Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронс Нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори он котиботи Конфронс таъсис ёфта, ҳоло дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Илова бар ин, ба сарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, роҳбарону намояндагони СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони байналмилалӣ даъватномаҳо фиристода шуданд. Торнамои расмии Конфронс дар шабакаи интернет (www.dushanbewaterprocess.org) ва саҳифаҳои Конфронс дар шабакаҳои иҷтимоии «Twitter» (@DWaterProcess) ва «Facebook» (Dushanbe Water Process) боз гардиданд.

Дар Конфронси дуюми сатҳи баланд баргузории панелҳо тибқи се гурӯҳи алоҳида гурӯҳбандӣ шуда, ба мавзӯъҳои гуногун тибқи се ченаки рушди устувор бо дарназардошти давраи пасазбуҳронии ҳамагирии COVID-19 ва ҳамчунин як гурӯҳи алоҳидаи панелҳои интерактивӣ, дар маҷмӯъ 12 панел дар назар аст.

Дар доираи Конфронс 6 Форум, аз ҷумла Форуми минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ, Форуми об барои занон, Форуми об барои кӯдакону ҷавонон, Форуми об барои ҷамоатҳои маҳаллӣ/мардуми таҳҷоӣ, Форуми об ва кӯҳистон ба хотири рушди устувор ва Форуми об бо иштироки бахши хусусӣ, инчунин Фестивали об дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» гузаронида мешаванд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Апрель 18, 2022 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва машваратҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» доир гардиданд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо директори генералии Созмони рушди саноати СММ мулоқот намуд
Дар Москва ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Шурои иҷроияи Ҳизби ҳокими Туркия мулоқот намуд
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёвари Вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Австрия эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи директори генералии дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Ню-Йорк нақши ташаббусҳои Тоҷикистон дар платформаҳои сиёсии ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Миср мулоқот намуд