Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин маъракаи даъват дар рӯзи аввал ба анҷом расид

Апрель 1, 2022 16:40

ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз фарзандони ғаюру ватандӯсти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар баробари дигар даъватшавандагону муҳофизони марзу бум ба хизмати аскарӣ гусел гардида, дар рӯзи аввали даъват ноҳия дар доираи тадбирҳои роҳандозишудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои марбута аз иҷрои саривақтии ин рисолати таърихии ватандорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ мужда дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур хабар доданд, ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои адои хизмати ҳарбӣ бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, аз Комиссияи тиббӣ гузаштанд. Дар ноҳия дар рӯзи аввали даъват нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пурра иҷро шуд. Шумораи наваскароне, ки ба комиссариати ҳарбии вилоят сафарбар карда шуданд, ба 70 нафар расид, ки тибқи нақша аз 100  фоиз зиёд аст.

Тайи чанд соли охир масъалаи даъват ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риоя ва амалӣ сохтани корҳои оммафаҳмонӣ миёни аҳолӣ ҳалли дурусти худро ёфта, шумораи ихтиёриён бобати сафарбар гардидан ба хизмати ҳақиқии аскарӣ аз ҳисоби ҷавонони ватандӯсти ноҳия тамоюли афзоиш дорад.

Воқеан дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас аз ҷониби Роҳбарияти lasix-info.net сиёсии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити маишии сарбозон дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтар гардида, заминаҳои моддию техникии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам мегардад.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 1, 2022 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид