ДАР ПАРТАВИ НИШОНДОДҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар маркази шаҳри Кӯлоб «Гӯшаи хайр» ба фаъолият пардохт
ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави нишондодҳо аз Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон соҳибкорон ва саховатпешагони шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтанд, ки ба ятимони кулл, нимятимон ва занҳои танҳо дар маркази савдои «Ҳафтбародарон» бо пешниҳоди маводи хӯрока ба таври ройгон ба онҳо кумак расонанд.
Хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА аз шаҳри Кӯлоб гузориш медиҳад.
Тавре масъули маркази савдо Убайдулло Раҷабов иброз дошт, маводи хӯрока аз макарон, тухм, равғани маска, шакар, қанд, картошка, пиёз, лубиёгиҳо иборат буда, шахсони эҳтиёҷманд бо як навъи маҳсулот ба таври ройгон таъмин карда мешаванд.
Соҳибкорон ва саховатпешагон ба маркази савдои «Ҳафтбародарон» ҳар рӯз ба маблағи аз 200 то 500 сомонӣ ба 50 — 60 нафар эҳтиёҷмандон маводи хӯрокаро ройгон дастрас менамоянд.
Саъбагул Азизова, яке занҳои бесаробон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуда, даст ба дуо бардошт, ки сафи чунин соҳибкорон ва саховатпешагон зиёд гардад ва ҳамеша дар Ватани азизамон тинҷию амонӣ ҳукмфармо бошад.



Қобили зикр аст, ки то инҷониб 6 нафар соҳибкорон ва беш аз 10 нафар сокинони саховатпешаи Кӯлоб дар маркази савдои «Ҳафтбародарон» ба сифати хайр маблағгузорӣ намуданд ва тасмим гирифтаанд, ки то охири моҳи шарифи Рамазон ва дар рӯзи Иди фитр ин иқдомро идома медиҳанд.
Масъули маркази савдо Убайдулло Раҷабов иброз дошт, ки ин иқдом дар давраи пандемияи Ковид-19 низ аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша амалӣ гардида буд.
Мавриди зикр аст, ки чунин амали хайр ҳар сол дар марокизи савдои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд низ роҳандозӣ мешавад. Дар ин иқдоми хайрхоҳона – тавзеъи ройгони маводи озуқа ба ашхоси ниёзманд — ҳамасола Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, дигар идораю муассисаҳои мамлакат низ саҳм мегиранд.
Хотиррасон мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷонро дар ин моҳи муборак дар баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусулмони савобҷӯ арзёбӣ намуданд.
«Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар як инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад», — зикр намуданд Сарвари давлат.
АКСҲО аз муаллиф








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






