Дар Узбекистон филиали «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 15.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Узбекистон филиали «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода мешавад. Ин масъала зимни ҷаласаи кории муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ва намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни ҷаласаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки соли таҳсили 1993-1994 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори раёсати донишгоҳ (он замон донишкада) тибқи шартномаи тарафайн бо Ҳокимияти ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Узбекистон аз 15 июли соли 1993 филиали муассиса дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Узбекистон таъсис дода шуд ва он то соли 1998 фаъолият намуд.
Дар ин давра беш аз 2000 нафар муҳассилин аз Ҷумҳурии Узбекистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, онро бомуваффақият хатм намуданд. Фаъолияти филиали донишгоҳ дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Узбекистон соли 1998 қатъ гардид.
Ҳоло бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносиботи дӯстиву ҳамсоягии неки ду мамлакат густариш ёфта, имконияти дар доираи созишномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои илму маориф дубора таъсис додани филиалҳо, факултетҳои муштарак, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак фароҳам гардидааст.
Дар ҷараёни ҷаласаи гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳо розигии худро ҷиҳати таъсиси филиали «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» иброз доштанд ва интизор аст, ки хулосаи ниҳоӣ ба Ҳукумати кишвар ирсол гардад.
Зикр шуд, ки таъсиси филиали донишгоҳ дар Ҷумҳурии Узбекистон имкон фароҳам месозад, ки низоми таҳсилоти мамлакат ва фаъолияти донишгоҳ дар арсаи минтақавию байналмилалӣ муаррифӣ гардида, шарикони нав барои ҳамкорӣ пайдо карда шаванд. Таъсис ва пешбурди фаъолияти донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса ба роҳ монда мешавад.
АКСҲО: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид






