Даъватшавандагони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Шаҳринав ва Файзободро ботантана ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2022 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои таваллуди 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ» дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдату Шаҳринав ва Файзобод Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид.
Дар ин маъракаҳои тантанавии гусели наваскарон фаъолону ҷавонон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассиса ва падару модарону собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок доштанд.
Раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода даъватшавандагонро ба ин муносибат табрик намуда, изҳор дошт, ки «Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноию маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти бештар дорад. Мояи ифтихори мост, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад».
Хурсандиовар аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро аз лиҳози сиёсиву ҳарбӣ ва ҷисмонӣ тарбия ва ба сифати муҳофизи Ватан омода менамоянд.
Дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ аз ин шаҳру ноҳияҳо садҳо ҷавонони бонангу номус ба таври ихтиёрӣ бо дуои неки модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон сафарбар гардиданд.
Даъватшаванда Хусрав Раҷабзода аз деҳаи Сари чашмаи ноҳияи Файзобод иброз дошт, ки “пас аз хатми Литсеи касбии техникии ноҳия тасмим гирифтам, ки ба ҳайси ронанда дар артиши мамлакат хизмат намоям. Қисми зиёди рафиқону ҳамсоягонамон дар сафи Артиши миллӣ хизмат намудаанд. Албатта, онҳо хуб будани шароити хизмат дар Артиши миллиро таъриф карда, маро ба хизмат ҳавасманд намуданд. Ман фикр мекунам, ки гузаштан аз ин мактаби мардонагӣ вазифаи ҳар ҷавони соҳибватан мебошад. Ҷавонони синни даъватӣ бояд масъулияти ҷавонмардиро ҳис намуда, барои ҳифзи ватану модар ва хоҳаронашон ба сафи Артиши миллӣ дохил гарданд”.
Дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи даъватшаванда волидайни даъватшавандагон зикр намуданд, ки бо эътимоди комил фарзандонро ба сафи Артиши миллӣ гусел менамоянд ва боварии комил доранд, ки онҳо бо сари баланду нангу номуси ҷавонмардона қарзи шаҳрвандии худро дар назди Модар-Ватан ба ҷо меоранд.
Дар маъракаҳои Рӯзи даъватшаванда дар шаҳру ноҳияҳои мазкур ба даъватшавандагоне, ки курси кӯтоҳмуддати ронандагиро дар Ҷамъияти мададгори мудофиа хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим намуда, барои хизмати содиқона ба Ватан роҳи сафед таманно намуданд. Ҳамчунин барои даъватшавандагон дастархони идона ороста, бо барномаи консертии ҳунармандони бахшҳои фарҳанг ва рақсу шодӣ рӯҳияҳои онҳоро болида гардониданд.
АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳои мазкур








Милитсияи шаҳри Душанбе беш аз 160 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандонро ошкор намуд
Дар Душанбе масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба хариду фурӯши одамон баррасӣ гардид
Ҳамкории милитсия ва соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон тақвият меёбад
ТАРМАФАРОӢ. Дар Тоҷикистон фаромадани тарма аз нимаи моҳи декабр то моҳи апрел дар назар аст
Соли 2026 дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ баргузор мегардад
Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоати шаҳри Ҳисор масъалаи пешгирии ноболиғон аз ҷинояткорӣ баррасӣ карда шуд
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба масоили марбут ба амнияти давлат ҷаласа доир шуд
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти миллӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Русия дар Тоҷикистон мулоқот намуд






