Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ, Суғд, Душанбе ва ноҳияҳои Рӯдакию Сангвор муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Сангвор дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мазкур зимни баргузории ҷаласаи гурӯҳи корӣ муаррифӣ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фарҳод Восидиён зикр намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки муқаррароти фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ таъмини рушди иқтисоди кишвар мебошад.


Зикр шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 ба муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2021-2025, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ бояд диққати аввалиндараҷа дод.
Намояндагони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои зикргардида дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025-ро муаррифӣ намуданд.
АКСҲО: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳури Тоҷикистон








Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад






