ДЗЮДО. Имрӯз Мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2022» оғоз меёбад

Апрель 1, 2022 10:54

ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз   дар шаҳри Анталияи Туркия Мусобиқа  оид  ба намуди  гӯштини дзюдо-  «Antalya Grand Slam 2022» оғоз шуда, то  3 апрел идома меёбад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои  Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи мазкур иштироки 535 варзишгар (319 мард, 216 зан) аз 65 давлати дунё дар назар аст.

Аз ҷумла, дар ин мусобиқа дастаи  мунтахаби гӯштини дзюдои  Тоҷикистон дар ҳайати 8 варзишгар — Меҳрзод Сӯфиев (-60кг), Абубакр Шеров (-66кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг),  Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Абубакри Акобир (-100кг) ва  Темур Раҳимов (+100кг) ширкат мекунад.

Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар ҳафт вазн миёни мардҳо ва ҳафт вазн миёни бонувон сурат мегиранд. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ низ қадрдонӣ мегарданд – барои ҷои аввал 5000 евро, барои ҷои дуюм 3000 евро ва барои ҷои сеюм 1500 евро.

Барномаи баргузории мусобиқа:
Рӯзи 1 | 1 апрел | Ҷумъа
Оғоз:  11:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
Занон: -48 kg, -52 kg, -57 kg;
Мардон: -60 kg, -66 kg

Рӯзи 2 | 2 апрел | Шанбе
Оғоз:  11:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
Занон: -63 kg, -70 kg;
Мардон: -73 kg, -81 kg

Рӯзи 3 | 3 апрел | Якшанбе
Оғоз:  11:30
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
Занон: -78 kg, +78 kg;
Мардон: -90 kg, -100 kg, +100 kg

Ҳамаи  сабқатҳо  бо  вақти Душанбе сурат мегиранд

Ёдовар мешавем, ки  паҳлавони маъруфи тоҷик  Темур Раҳимов дар  мусобиқаи  «Tel Aviv Grand Slam 2022», ки  17-19 феврали соли 2022  дар пойтахти  Исроил  баргузор шуда  буд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҳамчунин паҳлавони шинохтаи  кишвар  Комроншоҳи Устопириён дар аввалин мусобиқаи дзюдои соли 2022 – «Grand Prix Portugal 2022» сазовори медали биринҷӣ  шуд.

 АКС: Федератсияи дзюдои  Тоҷикистон

Апрель 1, 2022 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд