ФУТБОЛ. Бозиҳои даври дуюми мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд

Апрель 7, 2022 09:02

ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 8 апрел бозиҳои даври дуюми мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегарданд, ки то 10 апрел идома меёбанд.  8 апрел  дастаҳои футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, 9 апрел «Истаравшан»-и шаҳри Истарвашан  бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, 10 апрел «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод  ва  КМВА-и шаҳри Душанбе  бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода миёни ҳам вомехӯранд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мусобиқаи мазкур дар ду марҳила доир мегардад. Дар марҳилаи аввал ҳамаи даҳ даста дар ду давр бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифта нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натиҷаи  марҳилаи аввал панҷ дастаи  беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1-ум то 5-ум дар ҷадвали мусобиқа талош меварзанд. Панҷ дастаи  боқимонда дар гурӯҳи «В» дар як давр бозӣ карда, барои ҷойҳои аз  6-ум то 10-ум ва нигоҳ доштани мавқеашон дар Лигаи олӣ мубориза мебаранд, ду дастаи ҷойҳои охир ба Лигаи аввал мегузаранд. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар мусобиқаи имсолаи чемпионати Тоҷикистон ҳамагӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки  1-3 апрел  бо чор бозии даври якум мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз гардид. Дар даври аввал чордаҳ гол зада шуд. Ҳисоби калон дар бозӣ миёни дастаҳои футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва   «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  ба қайд гирифта шуд. Футболбозони истаравшанӣ ба дарвозаи дастаи  футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ 5 голи беҷавоб заданд. Муаллифи голи аввалин дар мавсими 2022 легионери камерунии «Истаравшан» Мбеке Сиябатчу Деудонӣ гардид.

Бозӣ миёни ду дастаи нави Лигаи олӣ – «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод  бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт.

Дар бозиҳои дигар дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бар «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо ҳисоби  1:0 ғалаба карданд. Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Чемпионати  Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

2-юми апрел (шанбе)

«Файзканд» — «Истаравшан» 0:5

Голҳо: Мбеке Сиябатчу Деудони, 35   (0:1). Отабек Зокиров, 57 (0:2). Мбеке Сиябатчу Деудони, 69 (0:3). Отабек Зокиров, 78 (0:4). Амирҷон Сафаров, 82 (0:5).

«Регар-ТадАЗ» — «Равшан» (Зафаробод),2:2 

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 46 (1:0). Бехрӯз Дустмуродов, 54 (1:1). Бахтиёр Зарипов, 55 (1:2). Фаридун Давлатов, 90+1 (2:2).

Бозии «Истиқлол» — КМВА ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд.

3-юми апрел (якшанбе)

«Эсхата» — «Хуҷанд», 1:0

Гол: Шаҳзод Абдураҳимов, 90+3.

«Хатлон» — «Равшан» (Кӯлоб), 3:1

Голҳо: Тоҳирҷон Тағойзода, 7 (1:0). Парвиз Баки-Ахунов, 21 (2:0). Хайриддин Турахонов, 69 (3:0). Абдухалил Боронов, 77 (3:1).

Чемпионати  Тоҷикистон-2022  

Лигаи олӣ. Даври 2-ум

8 апрел (ҷумъа)

«Эсхата» – «Файзканд»

9 апреля (шанбе)

«Истаравшан» – «Хатлон»

10 апреля (якшанбе)

«Хуҷанд» – «Равшан» (Зафарабад)

КМВА– «Регар-ТадАЗ»

                                                                                                                                                      АКС: ФФ

Апрель 7, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд