ФУТБОЛ. Замони баргузории бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон дар Лигаи олӣ муайян гардид

Апрель 13, 2022 15:23

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 16-17 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат доир мегарданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо КМВА-и шаҳри Душанбе миёни ҳам вомехӯранд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аз 8 то 10 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Дар чор бозӣ ҳамагӣ 8 гол зада шуд.

Бозии аз ҳамаи натиҷаовар дар шаҳри Истаравшан ба қайд гирифта шуд, ки дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бар дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Дар бозии дигар дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба дарвозаи дастаи нави Лигаи олӣ – «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод 3 голи беҷавоб зад.

Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бидуни гол (0:0) анҷом ёфт. Дар бозии ниҳоӣ дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ

    Б Ғ М Б Т Х
1 «Истаравшан» (Истаравшан) 2 1 1 0 5-0 4
2 «Хатлон» (Бохтар) 2 1 1 0 3-1 4
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 3-1 3
4 КМВА (Душанбе) 1 1 0 0 1-0 3
5 «Эсхата» (Хуҷанд) 2 1 0 1 2-3 3
6 «Файзканд» (Восеъ) 2 1 0 1 3-6 3
7 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзада) 2 0 1 1 2-3 1
8 «Равшан» (Зафарабад) 2 0 1 1 2-5 1
9 «Истиқлол» (Душанбе) 0 0 0 0 0-0 0
10 «Равшан» (Кӯлоб) 1 0 0 1 1-3 0


АКС: ФФТ

Апрель 13, 2022 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад