ИМРӮЗ – РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК. Олимони иқтисодшинос масоили ташаккули сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавиро мавриди таҳқиқ қарор додаанд
ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 апрел Рӯзи илми тоҷик таҷлил мешавад. Бахшида ба ин сана хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар се моҳи аввали соли 2022 маълумот омода намуд.
Дар се моҳи соли 2022, бино ба иттилои АМИТ, олимони Академия аз рӯйи 102 мавзӯъ, аз ҷумла 61 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 19 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 22 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ корҳоро идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Олимони иқтисодшиноси тоҷик масъалаҳои рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, ташаккули сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва монанди инҳоро мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор доданд.
Таҳқиқот дар соҳаи илмҳои математика дар сатҳи баланд доир гардида, усули арзёбӣ кардани суммаи тригонометрии кӯтоҳи Г. Вейл дар соҳаи нуқтаҳои синфи якум коркард шуд, ки ба омӯхтани масъалаҳои аддитивӣ бо аъзоҳои қариб баробар имконият медиҳад.
Доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ, акустика натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд. Тавсияҳо доир ба амнияти ядроӣ ва радиатсионии мамлакат коркард ва татбиқ карда шуданд. Кристаллҳои нав дар асоси оксиди бор-оксиди висмут-оксиди натрий ҳосил карда шуданд, ки барои истифода дар электроникаи квантӣ ва оптикаи ғайрихаттӣ аҳамияти калон доранд.
Дар соҳаи астрофизика бо истифода аз технологияҳои муосири компютерӣ мушоҳидаҳои метеорҳо, кометаҳо, астероидҳо ва пораҳои ҳамсафарҳои сунъии Замин гузаронида шуданд. Астероидҳои наздизаминии табиати кометавидошта ошкор карда шуданд, ки натиҷаҳои ин таҳқиқот барои ҳал кардани масъалаҳои хатари астероидҳову кометаҳо ба Замин ва киштиҳои кайҳонӣ муҳим мебошанд.
Олимони соҳаи химия натиҷаҳое ба даст оварданд, ки аз дастовардҳо дар рушди усулҳои синтези маҳсулот бо хосиятҳои муайян – моддаҳои таъйиноти биологӣ ва тиббӣ, ки барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ аҳамияти калон доранд, шаҳодат медиҳанд. Навъҳои нави хӯлаҳои алюминийӣ бо мувофиқатии нодири мушаххасаҳои механикӣ ва физикӣ-химиявӣ ба вуҷуд оварда шуданд, ки бо устувории баланд нисбат ба зангзанӣ ва таъсироти механикӣ фарқ мекунанд. Тавсияҳо доир ба коркарди комплексии ашёи хоми маъданӣ ва партовҳои саноатӣ омода шуданд.
Олимони соҳаи геология таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистонро идома дода, диққати махсусро ба кашфи маъданҳои нав равона намуданд.
Аз тарафи олимони зилзилашинос бо истифодаи технологияҳои навтарини системаҳои иттилоотии географӣ (ГИС) харитаи арзёбӣ кардани хатарнокии сейсмикии марзи Тоҷикистон тартиб дода шудааст, ки он ба ошкор намудани ҷойи пайдоиши фурӯравиҳо ва ярч (лағжида фаромадани қабатҳои замин) ҳангоми заминҷунбиҳо имкон медиҳад.
Олимони соҳаи омӯзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология усулҳои баҳисобгирӣ ва мониторинги ҳаҷми муфиди оби обанбори Норак ва ба таври зуд пешгӯӣ кардани ҷараёни солонаи дарёи Вахшро коркард ва татбиқ намуданд, ки онҳо ба баланд гардидани самаранокии кори Неругоҳи барқи обии Норак имкон медиҳанд.
Олимон ва мутахассисони Маркази омӯзиши пиряҳҳои АМИТ ҳолати баъзе пиряхҳои Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ ва мониторинг қарор дода, аз ҷумла ба пиряхҳои дараи Варзоб экспедитсияҳои илмӣ ташкил намуданд.
Дар соҳаи илмҳои биологӣ таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон гузаронида шуданд. Таҳқиқот доир ба физиология, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо ҳамчун асос барои селексияи навъҳои нави зироати кишоварзӣ ва ба вуҷуд овардани системаи муосири тухмипарварӣ, коркарди агротехнологияҳои пешрафта густариш дода шуд. Омӯзиш ва таҳқиқи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ва аз онҳо тайёр намудани доруворӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
Дар соҳаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ масъалаҳои таърихи давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, таърихи Саразми бостонӣ, этногенези халқи тоҷик таърихи мусиқӣ, театр, меъмории халқи тоҷик мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтанд.
Файласуф ва сотсиологҳо таваҷҷуҳи махсусро ба таҳқиқи масъалаҳои фалсафаи забон, масъалаи ҳастӣ ва худшиносӣ дар таърихи фалсафаи тоҷик ва ҳамчунин ба равияҳои муосири фалсафаи Ғарб ва мақоми онҳо дар афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии кишварҳои Шарқ равона намуданд.
Дар соҳаи илмҳои филологӣ таърихи адабиёти тоҷик омӯхта шуда, масъалаҳои муҳими ҳолат ва рушди забони тоҷикӣ, сарчашмаҳои хаттии адабиёт ва фарҳанги тоҷику форс таҳқиқ гардид, луғатҳои дузабонӣ нашр карда шуданд.
Фаъолияти олимони соҳаи демография ба омӯзиши масъалаҳои демографии оила ва издивоҷ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сабабҳои никоҳ ва талоқи аҳолӣ, рафтори репродуктивӣ ва ҳамчунин вазифа ва сохтори оила равона гардида буд.
Олимони ҳуқуқшинос суннатҳои давлатдории халқи тоҷикро омӯхта, баъзе хусусияти мақомоти амалисозандаи адолати судиро дар таърихи давлатдории тоҷикон муайян намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо беш аз 690 кори илмӣ, аз ҷумла 30 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 660 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 590 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 70 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.
Дар ин давра аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳо 8 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда шуд.
Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот 5 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
АКС: манбаъҳои боз








Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдакон ба синфи якум рафтанд
Аз 1 сентябр донишҷӯёни тоҷик дар Русия метавонанд ҷойи зисти худро тавассути барномаи мобилии «Амина» ба қайд гиранд
Президенти Тоҷикистон: «Падару модарон ба тарбияи фарзандон бояд бо масъулияти баланд муносибат намоянд»
Пешвои миллат дастур доданд, ки сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав беҳтар карда шавад






