Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар майдони 482 гектар кишти баҳории картошка мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 10.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими кишту кори имсола кишоварзони шаҳри Ҳисор азм доранд, ки тибқи нақша дар майдони 482 гектар кишти баҳории картошка гузаронанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
То 6 апрел дар 366,5 гектар майдони хоҷагиҳои кишоварзӣ картошка кишт гардидааст, ки 76 фоизро ташкил медиҳад.
Дар сари вақт гузаронидани кишти картошка саҳми хоҷагиҳои кишоварзии ба номи Латиф Муродов, Ҳайдар Миров, «Зотпарвар», «50-солагии Октябр», «Сумбула», «Зарнисор», «Зироаткорӣ» ва ҷамоатҳои деҳоти Навобод, Деқонобод ва шаҳраки Шарора калон мебошад.

Деҳқонони ин хоҷагиҳои кишоварзӣ кишти картошкаро пурра ба анҷом расонида, баҳри рӯёнидани ҳосили дилхоҳ бо риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ, нармкунӣ, обмонию ғизодиҳӣ ва пешгирии бемориҳо бо усулҳои самарабахшу камхарҷ аз ҳоло тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Кишти картошка дар дигар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ ва ёрирасони шаҳри Ҳисор идома дошта, рӯзҳои наздик ҷамъбаст мешавад.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд






