Лоиҳаи нави Қонун «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Палатаи ҳисоби мамлакат ҷиҳати рӯнамоии лоиҳаи нави Қонун «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор машварат баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ниҳоди мазкур.
Муовини Раиси Палатаи ҳисоб Файзалӣ Аҳмадзода дар мавриди мақсад ва вазифаҳои палатаи мазкур зикр намуд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таъсис дар таҳияи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ, дастурамалҳо, Кодекси одоби кормандони он ба дастовардҳои муайян ноил гардидааст.
Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Палатаи ҳисоб Зиёмидин Шаробидинзода таҳрири нави Қонуни Палатаи ҳисобро муаррифӣ намуд.
Дар машварат миёни иштирокчиён дар мавзӯи баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифта, таъкид шуд, ки хулосаҳо бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда мешаванд.
АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






