«МАОРИФИ МИЛЛӢ: ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТ». Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мавзӯъ бахшида шуд

Апрель 22, 2022 16:45

ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Маорифи миллӣ: дастовард ва мушкилот” баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.

Дар муҳокимаронии масоили марбути ҷаласа мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар ҳамоиш вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ, коршиносони мустақил, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва коршиносон сухан  гуфта, оид ба рафъи қазияҳои дар ин самт мавҷудбуда ва тавсеаи бемайлони маорифи миллӣ андешаҳои судманд пешниҳод намуданд.

АКС: ФИКМТ

Апрель 22, 2022 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд