Матлубахон Сатториён дар Ҳисор бо вусъати корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт ва наздиҳавлигӣ шинос шуд

Апрель 4, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён   бо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Қосим Роҳбар ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод рафтанд. Дар деҳоти мазкур  онҳо аз ҳавлии сокинони деҳаи мазкур Мавлуда Аҳмадова, Тоҳир Қурбонов ва Холмурод Ҳомидов дидан намуда, бо тарзи истифодаи заминҳои наздиҳавлигию корҳои деҳқонии онҳо шинос шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Ба муовини Сарвазир иттилоъ доданд, ки барои истифодаи самараноки замин ва гирифтани 2-3 ҳосил сокинон дар қитъаҳои хурди ҳавлии истиқоматиашон гармхонаҳо бунёд карда, парвариши лимӯ, помидору бодиринг ва сабзавоту кабудӣ роҳандозӣ намудаанд. Онҳо дар баробари таъмини эҳтиёҷоти оилаҳои худ маҳсулоти изофаро ба бозор бароварда, дар ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ саҳм мегузоранд.

Холмурод Ҳомидов дар саҳни ҳавлии истиқоматиаш дар ду садяк миёни ҷӯякҳои тамашк (малина) картошка кишт намудааст ва то пухта расидани тамашк ҳосили картошка ҷамъоварӣ шуда, барои кишти дигар намуди сабзавот, яъне ҳосили сеюм имконият фароҳам меояд.


Сафари кории муовини Сарвазири мамлакат дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор идома ёфта, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 ба номи Абурайҳон Берунӣ бо фаъолони ҷамоат мулоқот намуд.

Раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳисор Абдушукур Аловиддинов оид ба омода намудани нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлол ва корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди ҷамоат маълумот дод. Раиси шаҳр вобаста ба ҷой доштани камбудию мушкилот дар самти сохтмону хизматрасониҳо, иқтисодиёту иҷтимоиёт сухан гуфта, ҷиҳати рафъи камбудиҳо супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён  вобаста ба авзои феълии сиёсии ҷаҳон, болоравии нарху навои маводи сӯхт ва хӯрока изҳори назар кард. Дар баробари муваффақиятҳо дар шаҳр аз як қатор камбудиҳо ёдрас шуда, барои беҳбуд бахшидан ба фаъолият дар самтҳои тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ, ҷудошавии оилаҳо, хушунат дар оила, одоби оиладорӣ, риояи талаботҳои қонунҳои миллӣ, иммунизатсияи аҳолӣ, тақвияти фаъолияти муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, таълимӣ, тандурустию солимгардонӣ, қасру хонаҳои фарҳанг, китобхонаю осорхона, муассисаҳои томактабӣ, мактаб-интернатҳо ва ғайраҳо дастуру пешниҳодҳои мушаххас дод.

Дар иртибот ба оғози моҳи шарифи Рамазон таъкид гардид, ки  моро зарур аст баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, сарфаю сариштакорӣ, иҷрои амалҳои хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷонро фаромӯш насозем.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони Ҳукумати кишвар,  давоми 10 рӯз ба шаҳру ноҳияҳо рафта, ҷиҳати сафарбар кардани мардум ба вусъати корҳои саҳроӣ, ободонӣ, бунёдкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ бо шаҳрвандон корбарӣ менамоянд.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 4, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Парвозҳои мустақим дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад оғоз гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи мониторинги пиряхҳо, газҳои гулхонаӣ ва сифати ҳаво Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва вилояти Қазвини Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар 7 сол 30 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Дар ноҳияи Деваштич шудгори заминҳо оғоз гардид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар рушди энергетикаи устувор намоиши аксҳо доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 611 гектар замин шудгор карда мешавад
Дар Хатлон беш аз 30 ҳазор зан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст
Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба тавоноӣ барои мувозинати низоми энергетикӣ баррасӣ карда шуд
Лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба солимии ҳайвонот конференсияи байналмилалӣ баргузор намуд
Ҳамкорӣ дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия баррасӣ гардид