Милитсияи Бадахшон уҳдадор гардид, ки ҳамкорӣ бо аҳолиро тақвият бахшад
ДУШАНБЕ, 09.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар РВКД дар ВМКБ.
Зимни ҷаласа фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳо ва уҳдадориҳои хизматӣ баррасӣ шуда, дар он муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ Шариф Назарзода, роҳбарияти ҷузъу томҳои раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар ҷаласа сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят Шариф Назарзода кормандони милитсияи вилоятро уҳдадор намуд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ва боло бурдани эътимоду боварии мардум ба милитсия чун сипару такягоҳ минбаъд дар муносибату муошират бо аҳолӣ аз рӯи принсипҳои хушахлоқӣ, хушмуомилагӣ ва гуманистӣ фаъолият намоянд.
Ҳамзамон тамоми ҳайати шахсии милитсияи шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор карда шуданд, ки дар минтақаҳои хизматӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдор, раисону маҳаллаҳо ва шаҳраку деҳот, бахшҳои кор бо занон ва ҷавонон, ҳамчунин нафарони обрӯманди маҳал гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ сафарбар карда шаванд.
Зикр шуд, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ба самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳтироми калонсолон дар ҷомеа, пешгирӣ намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла ба масъалаҳои шаҳрдорӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ нигаронида шудааст.
АКСҲО: РВКД дар ВМКБ








Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд






