Миёни Тоҷикистон ва Чин ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 22.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин баргузор гардид, ки дар доираи он густариши ҳамкории тиҷоратии дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.
Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳарду давлат ва таваҷҷуҳи хоссаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Чин соли 2021 то ба 839,3 млн доллари ИМА ё 77,5 фоиз нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфтааст.
Зимни вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда баргузор гардид, ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, иқтисоди сабз, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама, содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади таҳкими минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (то соли 2025) 5 феврали соли 2022 ба имзо расида буд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки зикршуда баён намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид






